Садамаи маргбор: боз як дучархарон зери чархи мошин ба ҳалокат расид

Садамаи маргбор, ки дар натиҷаи он як дучархарон ба ҳалокат расидааст дар наздикии ошхонаи “Матаиб”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Абдунабиев Муъминҷон, ҳангоми ҳаракат дар роҳ аз ӯҳдаи идораи мошинаш набаромад дар наздикии ошхонаи “Матаиб”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як дучархаронро пахш намудааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Боз як дучархарон аз дасти беэҳтиетии ронанада ба ҳалокат расид

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур 30 июни соли равон тахминан соати 09:10-дақиқа рух додааст.

Аз мошин даст кашед ба дучарха гузаред: Кумитаи ҷавонон ҳамоиши дучархаронӣ эълон кард

“Ронандаи автомашинаи “Опел-Астра”, Абдунабиев Муъминҷон Қурбонҷонович, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳраки Бӯстон, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Бобоҷон Ғафуров-Ҳуҷанд”, дар наздикии ошхонаи “Матаиб”-и ноҳияи Б.Ғафуров, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон, Қаҳҳоров Комилбой, соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи зикргардидаро пахш намудааст”, таъкид намудааст ВУД Тоҷикистон. 

Ёди қурбониён: веломарафон то макони ҳамла ба сайёҳон ва гузоштани муҷассамаи дучарха

Дар ҳамин ҳол манбаъ қайд намудааст, ки дар натиҷа, дучархарон ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардид, аммо 1-уми июли соли равон, номбурда вафот кардааст.

Дучарха бирон: дар Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии бидуни мошин қайд мешавад

ВУД Тоҷикистон зикр намудааст, ки дар ҳоли ҳозир ҳодисаи мазкур аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқ мавриди таҳқиқ қарор дорад.