“Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам”: қарори Рустам Эмомалӣ дар бораи баргузории озмуни нон

Дар шаҳри Душанбе озмуни нон таҳти унвони "Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам" баргузор мегардад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik.Қарори нави Рустами Эмомалӣ дар бораи баргузор намудани озмуни нон ва маҳсулоти нонӣ таҳти унвони “Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам” дар шаҳри Душанбе, ба тасвиб расид иттилоъ додааст сомонаи расмии шаҳрдорӣ.

Рустам Эмомалӣ ба бизнеси ширии Наврӯз Комилов дар ҳудуди Душанбе иҷозат дод

Манбаъ афзудааст, ки бо мақсади иҷрои банди 27 ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140 тасдиқ гардидааст, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”.

Дар иттилоия омадааст, ки:

1. Ҳайати аъзои Гурӯҳи кории озмуни нон ва маҳсулоти нонӣ таҳти унвони «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам» дар шаҳри Душанбе ва нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории озмуни мазкур тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шавад.

Қарори нави Рустам Эмомалӣ ба тасвиб расид

2. Муовинони Раиси шаҳри Душанбе (Муинӣ М.М. ва Гуреззода У.), раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланди фарҳангию ташкилӣ доир намудани озмуни мазкур дар даврҳои ноҳиявию шаҳрӣ тадбирҳои дахлдор андешанд.

3. Даврҳои якум ва дуюми озмун тибқи муқаррароти Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии нон ва маҳсулоти нонӣ таҳти унвони “Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019, ки бо фармоиши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 2019, №16 тасдиқ шудааст, ташкилу баргузор карда шавад.

4. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе” ва рӯзномаи “Паёми Душанбе” инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти баргузории озмуни мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монанд.

5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовинони Раиси шаҳри Душанбе, Муинӣ М.М. ва Гуреззода У. гузошта шавад.