Тифли навзод бар ивази пул: боздошти зани 25-сола барои фурӯши тифли навзод

Зани боздоштшуда бар ивази 1050 сомонӣ тифли навзодашро ба зани 44 сола фурӯхтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Кормандони милитсия зани 25-солаи сокини ноҳияи Муъминободро бо гумони хариду фурӯши ноболиғ дастгир намуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Дар Душанбе зани 30-сола ба иттиҳоми одамфурӯшӣ дастгир шуд

Тавре манбаъ қайд намудааст, номбурда тасмим доштааст тифли навзодашро бо маслиҳати пешакӣ бо зани 44-сола бар ивази 1050 сомонӣ фурӯшад.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон таъкид намудааст, ки номбурда, 9-уми июни соли равон, дар таваллудхонаи марказии шаҳри Кулоб тифли навзод ҷинсаш мард таваллуд карда, баъдан бо маслиҳати пешакӣ бо зани 44-солаи сокини ноҳияи Восеъ, тифли навзодашро ба маблағи 1050-сомонӣ ба зани 57-солаи сокини ноҳияи Муъминобод, фурӯхтаанд.

Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсия нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, корҳои тафтишотиро идома доранд.