Сафири нави Покистон ба Душанбе омад

Сафири Фавқулода ва Мухтори Покистон Имрон Ҳайдар вориди пойтахти тоҷикистон шуд ва муовини вазири корҳои хориҷа нусхаи эътимодномаашро супорид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ахиран Сафири Фавқулода ва Мухтори Покистон Имрон Ҳайдар ба Вазорати хориҷаи кишвар нусхаи эътимодномаи худро супорид.

Покистон долонoҳои зиддитарма месозаду ширкати IRS не: интиқоди вакилон аз ширкат

Тавре манбаъ қайд намудааст, 1 июли соли равон дар Душанбе Сафири нави Покистон дар Тоҷикистон Имрон Ҳайдар нусхаи эътимодномаи худро ба Хусрав Нозирӣ муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорид.

Дар ҳамин ҳол, тавре манбаъ зикр намудааст дар суҳбате, ки пас аз супоридани эътимоднома сурат гирифт, тарафҳо дар бориа перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон табодули назар карданд.

Дар навбати худ, Хусрав Нозирӣ, муовини якуми Вазири корҳои хориҷӣ ба Сафири нави Покистон барои фаъолияти дипломатияш дар Тоҷикистон комёбиҳо орзу намуд.

Покистон мехоҳад тариқи лоиҳаи CASA-1000 ба Тоҷикистон қувваи барқ интиқол диҳад

Ёдрас мешавем, ки 6 июни соли 1992 байни Тоҷикистон ва Покистон муносибатҳои дипломатӣ барқарор шуданд.

Соли 1993 Покистон дар Тоҷикистон Сафорати худро боз намуд ва фаъолияти он аз ибтидои соли 1994 шурӯъ гардид.

23 феврали соли 2005 Сафорати Тоҷикистон дар Покистон ба фаъолият шурӯъ намуд. Дар ин давра байни ду кишвари дӯст зиёда аз 30 санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба имзо расиданд.

Дидори сафири тоҷик бо вазири Покистон: тиҷорат бештар мешавад

Моҳи марти соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз Покистон боздиди расмӣ ба амал овард. Ин боздид дар таърихи муносибатҳои дуҷониба сафҳаи нав оғоз намуд. Соли 1997 Консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Исломободи Покистон кушода шуд.

Имзои Ёддошти тафоҳум миёни марказҳои тадқиқоти стратегии Тоҷикистону Покистон

Дар давоми 21 соли муносибатҳои дипломатии байни ду кишвар тақрибан 40 ширкатҳои хусусии покистонӣ ва соҳибкорони инфиродии покистонӣ дар Тоҷикистон фаъолият менамоянд.