Ёдгор Файзов: симои ВМКБ ба куллӣ тағйир ёфтааст

Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов зимни суханронӣ дар ноҳияи Дарвоз аз дастовардҳои мардуми ВМКБ ёдрас шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Раиси вилоти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зимни сафар ба ноҳияи Дарвоз, дар назди мардум аз Ваҳдату якдилӣ гуфт. Дар ин бора дар хадамоти матбуотии раиси вилоят навишта шудааст.

Ёдгор Файзов гуфтааст, ки "меваи шаҳдбор Ваҳдати миллиро дар баробари дигар минтақаҳои кишвар мардуми саодатманди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон низ чашида, дар фосилаи кӯтоҳ ин минтақаи кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил гардид".

Ёдгор Файзов: аҷдодони мо танҳо як сарватро гиромӣ доштанд

Дар идомаи суханронӣ Файзов қайд кардааст, ки "дар фосилаи кӯтоҳи вақт бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят биноҳои хуштарҳу замонавӣ қомат афрохта, ба пешрафти иқтисоду иҷтимоӣ вилоят такони хеле хуб бахшид".

"Ба ин васила симои ин минтақаи асроромези кишвар ба куллӣ тағир ёфта, мардум аз истифодаи қувваи барқ шабонарӯз бархурдор ва ба пойтахти кишвар рафтуомади доимиро пайдо намуда ба хориҷи кишвар роҳ ёфтанд",-афзудааст Файзов.

Ёдрас мешавем, ки раиси вилоят Ёдгор Файзов дирӯз ба муносибати Рӯзи Ваҳдат дар шаҳри Хоруғ суханронӣ карда, гуфт, ки Ваҳдату Истиқлолият барои миллати тоҷик беҳтарин ва бузургтарин неъмат буда, дар он наҷоти воқеии миллат таҷассум ёфтааст:

"Аҷдодони мо ҳанӯз аз давраҳои пеш танҳо як сарвати бебаҳоро гиромӣ доштанд, ки он тинҷию оромӣ ва ваҳдати комил аст. Мо ҳам дар навбати худ масъулем, то ин неъматро беолоишро ба наслҳои баъдина расонем",-таъкид кард, Файзов.