Ҷавонписарони волейболбози ВМКБ қаҳрамони Тоҷикистон шуданд

Тими писарони волейболбози Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ пирӯз гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар риштаи волейбол миёни ҷавонон дар шаҳри Хоруғ бо пирӯзии дастаи ВМКБ анҷом ёфт.

Бори аввал дар Мурғоб толори калони варзишӣ месозанд

Манбаъ аз қавли Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ВМКБ афзуд, ки дар мусобиқа шаш даста – Душанбе-1, Душанбе-2, Хатлон-1, Хатлон-2, ШНТМ ва ВМКБ барои ҷойҳои ифтихорӣ сабқат карданд.

“Дар натиҷа ҷои аввалро дастаи мизбон – ВМКБ ба даст овард. Волейболбозони ҷавони бадахшонӣ дар финал ҳамсолонашонро аз дастаи Душанбе-1 мағлуб намуданд. Дастаи Душанбе-2 пас аз пирӯзӣ бар тими Хатлон-2 ҷои сеюми мусобиқаро сазовор гашт”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, ки ғолиб ва ҷоизадорон бо медалу ифтихорномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш қадрдонӣ шуданд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран  бонувони ВМКБ дар мусобиқаи кушод дар риштаи волейболи касбӣ барои "Ҷоми пойтахт-2019” пирӯз гардида буданд. 

Дар даври ниҳоӣ ду даста — духтарони волейболбози ВМКБ ва шаҳри Душанбе-1 байни ҳам рақобат намуданд. Дастаи волейболбозони ВМКБ бо ҳисоби 3:1 дастаи Душанбе-1-ро мағлуб намуда, сазовори "Ҷоми пойтахт-2019" ва 20 ҳазор сомонӣ мукофот гардиданд.