Таътили 1,5-моҳаи футболбозон баъди 9 голи беҷавоби тими “Хуҷанд” ба дарвозаи “Панҷшер”

Дастаҳои футболи лигаи олии Тоҷикистон 30 июн се бозии мавқуфмондаи даври нуҳуми чемпионати кишварро анҷом дода, барои 1,5 моҳ ба таътил баромаданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон,  дар бозиҳои 30 июн, тими “Хуҷанд” дар майдони худ ба дарвозаи тими “Панҷшер” 9 голи беҷавоб зад. Дилшод Восиев 5 гол, Турсуналӣ Рустамов 3 гол ба номашон сабт карданд. Як голи дигарро Фирдавс Чақалов зад.

Чор голи беҷавоби наврасони Тоҷикистон ба дарвозаи Узбакистон

Дар бозии дигар “Истаравшан” бар тими “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Бозингари мизбон Қаҳрамон Ҳомидов дар дақиқаи 22 ҳисобро кушод. Тими шаҳри Турсунзодаг тавассути голи задаи Акбари Шелдорӣ дар дақиқаи 41 ҳисобро баробар карданд. Баъд аз як дақиқа Насим Расулов голи дуюми “Истаравшан”-ро зад ва ғалабаи дастаашро таъмин намуд.

“Бозии охирини давр миёни дастаҳои “Истиқлол” ва КМВА “Помир” сурат гирифта, бо ҳисоби 3:0 бар суди “Истиқлол” анҷом ёфт. Голҳоро Амирбек Ҷӯрабоев дар дақиқаи 28, Шериддин Бобоев дар дақиқаи 44 ва Шаҳром Самиев дар дақиқаи 79 ба ҳадаф расониданд”, - омадааст дар иттилоияи Кумитаи миллии олимпӣ.

Манбаъ афзуд, ки бо анҷоми ин бозиҳо дастаҳо ба таътили тобистона баромаданд, ки якуним моҳ тул мекашад.

Баъд аз 10 давр “Истиқлол” бо 25 хол аз 9 бозӣ дар садри ҷадвали чемпионат қарор дорад. Ҷойҳои дуюму сеюмро бо 17-холӣ дастаҳои “Хуҷанд” ва “Куктош” ишғол кардаанд.