Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъбасти дуюмин Бозиҳои аврупоӣ - акс

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 30 июн дар маросими пӯшидашавии дуюмин Бозиҳои аврупоӣ дар Варзишгоҳи милии олимпии “Динамо”-и шаҳри Минск иштирок кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҳамоиши калони варзишӣ бо даъвати раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко ширкат варзид.

Путин ҳам галстукашро кашид: мулоқоти ғайрирасмӣ ва ғизохӯрии се президент - аксҳо

Манбаъ афзуд, ки бозиҳои аврупоӣ маҷмуъи мусобиқаҳои минтақавию байналмилалӣ байни варзишгарони кишварҳои аврупоӣ буда, дар ҳар як чор сол як маротиба гузаронида мешавад.

Аз 12 то 28 июни соли 2015 Бозиҳои якуми аврупоӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор шуда буд, ки дар он варзишгарон аз кишварҳои аврупо байни ҳам рақобат карданд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъбасти дуюмин Бозиҳои аврупоӣ - акс

Ба бозиҳои аврупоӣ намудҳои гуногуни варзиш, аз қабили бадминтон, баскетбол, волейбол, бокс, муҳорибаи озод, юнонию римӣ, велосипедронии занона, шиноварӣ, куштаии ҷудо ва самбо, карате, тенниси руйи миз, камонварӣ, шамшерзанӣ ва ғайра шомил мебошад.

Бозиҳои дуюми аврупоӣ таҳти унвони “Вақти ғалабаҳои бузург” дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус аз 21 июн то 30 июн ҷараён гирифта, дар он аз 50 давлати аъзо 3844 нафар иштирок кард. Варзишгарон барои ба даст овардани 200 медал аз руи 15 намуди варзиш талош варзиданд.