ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Ҳунармандони Тоҷикистону Қирғизистон филми муштараке бо номи "Чиро фаромӯш кардам?" омода мекунанд, гузориш медиҳад "Падида".
Бино бар иттилои манбаъ, филм ҳам дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон - деҳаи Ворух ва минтақаи Ботканд ба навор гирифта шуда, коргардони қирғиз ва сенариянависӣ тоҷик дар он саҳм гузоштаанд.
"Чиро ман фаромӯш кардам?"-ро "Қирғизфилм" таҳия мекунад, ки ба он актёрҳои тоҷик, аз қабили Умаралӣ Сатторов, Фарҳод Сиддиқов, Наимҷон Мирзобобоев ва Фариштамоҳ Фарҳоддухт даъват шудаанд.
Филм дар бораи дӯстии тоҷику қирғиз, ки расму оин, дин, фарҳанг ва дигар арзишҳои муштарак доранд, нақл карда, тамошобинро барои зиндагӣ кардан дар фазои сулҳу дӯстӣ даъват менамояд.
Коргардони он Тинчтик Абилқосимов ва сенариянависаш Искандар Усмонов аст.
Ба иттилои манбаъ, феълан банду басти филм идома дошта, бо се забон - тоҷикӣ, русӣ ва қирғизӣ пешниҳоди бинандагон хоҳад шуд.
"Чиро фаромӯш кардам?" ҳамагӣ 20 дақиқа идома мекунад.
Ин дар ҳолест, ки дар минтақаи Воруху Ботканд чанд соли ахир танишҳои марзӣ идома дорад.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 500 километри он аломатгузорӣ шудааст. Дар бисёри ҳолатҳо номуайянӣ дар марз боиси сар задани танишҳо миёни сокинони наздимарзӣ мегардад.