ДУШАНБЕ, 30 июн - Sputnik. Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сарони кишварҳои Тоҷикистон ва Белорус Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко дар маросими пӯшидашавии Бозиҳои Урупоӣ дар Минск, дидор мекунад, гуфт сухангӯи кишвардори Русия Дмитрий Песков.
Песков қайд кард, ки Маскав то ҳол аз вохӯрии сеҷониба огоҳӣ надорад.
"Мо ҳоло дар ин бора чизе намедонем. Онҳо албатта дар маросими пӯшидашавӣ дидор мекунанд. Дар бораи дигар нақшаҳои мизбонон (ҷониби Белорус - шарҳ аз идора) мо то ҳол хабар надорем",- гуфт сухангӯи Путин.
Раисиҷумҳури Белорус Александр Лукашенко пештар бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору мулоқот карда буд. Зимни суҳбат Лукашенко гуфт, эҳтимолан дар Минск сарони Русия, Тоҷикистон ва Белорус дидору гуфтугӯ кунанд.
"Пагоҳ Путин биёяд, мо метавонем секаса суҳбат кунем",- гуфт раҳбари Белорус дар муроҷиат ба Раҳмон.
"Путин меояд, секаса суҳбат мекунем": Лукашенко ба Эмомалӣ Раҳмон
Ёдрас мешавем, ки то ин дам Путин дар нишасти "Бистгонаи бузург" дар Осака буд. Раҳбари Русия дар ин ҷо бо президенти ИМА Доналд Трамп, президентм Фаронса Эмманюэл Макрон, канслери Олмон Ангела Меркел ва сарвазири Бритониё Тереза Мэй ва дигар сиёсатмадорон дидору мулоқот кард.