ДУШАНБЕ, 30 июн - Sputnik. Дар доираи сафари расмӣ дар Беларус Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Комбинати кишоварзии "Дзержинский" боздид кардааст, - хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳур.
Ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шудааст, ки Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Комбинати кишоварзии "Дзержинский" яке аз коргоҳҳои бисёрсоҳа ва калонтарини саноатии Беларус буда, парвариши чорво, парранда, истеҳсоли маҳсулотҳои гуногуни гӯштию ширии чорво, гӯшти мурғ, ҳасибҳо, тухм, дар маҷмӯъ беш аз 80 намуди маҳсулотро ба роҳ мондааст.
Таъкид гардид, ки давоми фаъолияти чилсола ширкат бо насби технологияи навтарин ва ҷорӣ кардани усулҳои муосири истеҳсолу гӯшту шир дар бозори кишвар мақоми хоса дорад.
Яке аз дастовардҳои асосии корхона дар баробари истеҳсолот назорат ва таъмини сифати мавод, таъсиси марказҳои фурӯши маҳсулоти истеҳсоли худӣ, интиқоли он ба гӯшаҳои гуногуни Беларус мебошад.
Пас аз ошноӣ бо фаъолияти ширкат Раҳмон барои рушду пешрафти корхона ба онҳо барору комёбӣ орзу кардааст.