Ҷома, тоқӣ, роҳи танобӣ ва шоми дӯстӣ : сайругашти шиноварон дар Хуҷанд

Меҳмонон аз мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд ва гирду атрофи он дидан карда бо таъриху тамаддун, фарҳанг ва расму оини миллати тоҷик ошно шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Рӯзи 24-уми июн пас аз ҷамъбасти қисмати расмии мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ бо ибтикори Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон барои иштирокчиёни мусобиқа аз Афғонистон, Беларус, Қирғизистон, Узбакистон, Русия ва Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ-фароғатии Шоми дӯстӣ ташкил карда шуд.

Русия – 1, Узбакистон – 2: ҷамъбасти мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ дар Хуҷанд

Ба  гузориши ВУД, сайругашти меҳмонон аз мавзеъҳои таърихӣ ва саёҳатии шаҳри Хуҷанд ва гирду атрофи он ҷузъи асосии чорабинӣ буд, ки ҳадафи он муаррифии мавзеъҳои зебои Тоҷикистон, таъриху тамаддун, фарҳанг ва расму оини миллӣ будааст. 

Пирӯзии шиноварон аз Русия, Белорус ва Узбакистон дар шаҳри Хуҷанд

Ба иттилои манбаъ, шиноварон аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, ки бо номи "Қалъаи Хуҷанд" маъруф аст дидан намуданд.

Гуфта мешавад, ки осорхона, таърихи беш аз 90 сола дошта, ҳанӯз дар давраҳои аввали таъсисёбии давлати Шӯравӣ дар шаҳри Хуҷанд таъсис ва соли 2006 дар минтақаи ҳозирааш барқарор шудааст.

Меҳмонон зимни боздид аз осорхона вобаста ба таърихи давлатдорӣ ва зиндагиномаи пурғановати тоҷикон аз дуриҳои таърих то замони муосир маълумот гирифтанд. 

"Сайругашт дар мавзеъҳои гулпӯши боғи фарҳангӣ - фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва аз баландӣ, бо истифода аз роҳи танобӣ тамошои манзараҳои дилфиреби саҳни Сирдарё ва иморатҳои гирду атрофи он, дар баробари муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон саёҳати варзишгаронро хотирмон гардонид",-афзудааст манбаъ.

Дар идомаи барномаи фарҳангии Шоми дӯстӣ аъзоёни дастаҳо сари дастархони тоҷикона нишаста, ба якдигар армуғонҳои хотиравӣ тақдим намуданд ва зери навозишҳои мусиқӣ, гарму самимӣ сӯҳбату дилхушӣ карданд.