Трамп мулоқот бо Си Ҷинпинро олиҷаноб донист

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ва Си Ҷинпин, роҳбари Чин дар доираи ҷаласаи G20 беш аз 80 дақиқа масоили тиҷоратии ду кишвар ва роҳҳои ҳалли баҳсҳои тиҷориву иқтисодиро баррасӣ намуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 июн - Sputnik. Дар доираи ҷаласаи G20, ки имрӯзҳо дар шаҳри Осакаи Ҷопон баргузор шудааст, мулоқоти Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ва Си Ҷинпин. Роҳбари Чин сурат гирифт.

Трамп Путинро ба сӯи худ кашид: дидори кишвардорон дар нишасти G20 - видео

Сиёсатмадорон беш аз 80 дақиқиа мулоқот намуданд. Роҳбарони ду кишвари абарқудрати иқтисодӣ зимни мулоқот дар бораи масоили созишномаи тиҷоратӣ ва роҳҳои ҳалли баҳсҳои иқтисодиро баррасӣ намуданд.   

Ба гуфтаи Доналд Трамп музокирот “олиҷаноб” баргузор шуд.

Трамп Путинро ба сӯи худ кашид: дидори кишвардорон дар нишасти G20

“Мо боз дар роҳи дурустем”, -гуфт  Трамп ба хабарнигорон дар ҷаласаи G20.

​Си Ҷинпин ва Доналд Трамп ба тавофуқ расианд, ки музокироти тиҷоратиро идома хоҳанд дод.

“Ҷониби Амрико ва Чин ба тавофуқ расиданд, ки машваратҳои тиҷоратиро дар асоси баробарӣ ва эҳтироми мутақобил идома хоҳанд кард”, - таъкид намудааст хабаргузории Синхуа.

Трамп ба хотири мулоқот бо Путин таҳрими “бераҳмона” бар зиди Русияро қатъ кард

Амрико инчунин ваъда доданд, ки нисбати Чин боҷҳои иловагӣ гузошта намешавад.

“Ҷониби Амрико ваъда дод, ки барои молҳои содиротшудаи Чин дигар боҷҳои иловагӣ гузошта нахоҳад шуд. Ҳайатҳои тиҷоратии ду кишвар ба тавофуқ расиданд, ки дар музокираҳои оянда масъалаҳои дақиқ баррасӣ хоҳанд шуд”,- гуфтааст манбаъ.

Ба гуфтаи муовини раиси Шӯрои сиёсати иқтисодии Ассосиатсияи таҳқиқоти сиёсии Чин Сюй Хунтсай натиҷаҳои даври дуюми интихоботи раисҷумҳури Амрико бевосита аз натиҷаҳои музокироти тиҷоратии ду кишвар вобаста аст.

Трамп: Амрико барои музокира бо Эрон омода ҳаст

“Ҳалли масоили тиҷоратии Чин ва Амрико бевосита ба дубора интихоб шудани Доналд Трамп, ба вазифаи раисҷумҳур вобастагии зиёд дорад. Агар ӯ натавонад ин масоилро ҳал намояд, дубора интихобшавиаш ба курсии раисҷумҳур ба назар намерасад”,- гуфт коршинос ба РИА Новости.   

“Агар трамп хоҳад боз раисҷумҳури Амрико интихоб шавад, ӯ бояд на танҳо ба Чин зарба занад балки роҳҳои ҳалли баҳсҳои тиҷоративу иқтисодиро пайдо намояд”, -бовари дорад коршиноси иқтисодӣ.