Ба нафаре дар назди “Султони Кабир” шинос шуду ба 112 ҳазор доллар фиреб хурд

Кормандони милитсия нафареро дастгир карданд, ки дар фиребкории сокини шаҳри Душанбе айбдор дониста шудааст.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони милитсия марди 36-солаеро дастгир намуданд, ки дар назди бозори "Султони кабир" аз сокини пойтахт бо роҳи фиреб 112 ҳазор долларашро гирифта дигар барнагардондааст.

Қаллоб дастгир шуд: ваъда дод бар ивази 31 ҳазор доллар мӯҳлати ҷазоро кам мекунад

Тавре ВУд Тоҷикистон хабар додааст, ахиран ба ШВКД-1 ноҳияи Фирдавсии пойтахт, марди 33-солаи сокини пойтахт, муроҷиат кардааст, ки моҳи майи соли 2017, ҳангоми дар назди бозори “Султони Кабир” қарор доштанаш, марди 36-солаи сокини шаҳри Душанбе, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ барои тиҷорат 112 ҳазор долларашро гирифта, то ҳол барнагардонидааст. 

Манбаъ қайд намудааст, ки айни замон нафари тақаллубкор боздошт шудааст ва дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Инчунин мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон зикр намуданд, ки дар ҳоли ҳозир кормандони милитсияи пойтахт нисбати ҳодисаи мазкур тафтишотро идома дорад.