Собиқ Додситони кулл ба 10 сол зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи шаҳри тошканд собиқ Додситони кулли Узбакистоон Рашид Қодировро ба 10 соли зиндон маҳкум кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Додгоҳи шаҳри Тошканд Рашид Қодиров, Додситони кулли собиқи Узбакистонро бо ҷурми  фасодкорӣ ва порахурӣ ба мҳлати 10 сол равонаи зиндон кард, иттилоъ додааст хабаргузории tajikistantimes.

Собиқ роҳбари гумруки Узбакистон барои дуздӣ 3,5 сол зиндон шуд

Бино бар иттилои манбаъ, Рашид Қодиров пас аз барканорӣ аз мақоми Додситони кулл дар вазифаи судияи Додгоҳи Конститутсионӣ фаъолият мекард.

Рашид Қодирови 67-сола моҳи феврали соли 2018 аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбакистон боздошт шуда буд.

Тағйироти кадрӣ: дар Узбакистон ҳокимони нав таъйин шуданд

Ҳамчунин, додгоҳи шаҳри Тошканд рӯзи 26 июн парвандаи 11 нафар кормандони баландпояи додситонӣ, хадамоти махсус ва андозро баррасӣ кард. Мирағлом Мирзоев, муовини якуми додситони шаҳри Тошканд шартан ҳукми ҳабс гирифта ва аз толори суд озод шуд.

Дар моҳи июни соли ҷорӣ Отабек Муродов, Додситони кулли Узбакистон аз вазифааш барканор ва дастгир шуд. Рӯзи 25 июн давлати Узбакистон ӯро аз ҳамаи унвон ва мукофотҳои давлатӣ маҳрум кард.