Раҳмон ва Лукашенко ба якдигар чӣ ҳадя карданд?

Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко пас аз анҷоми мулоқот ба ҳамдигар туҳфаҳо тақдим карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко дар Минск ба ҳамдигар ҳадяҳои хотиравӣ тақдим карданд. Дар ин бора котиботи раисиҷумҳури Белорус хабар медиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко пас аз анҷоми мулоқот, ки дар Қасри истиқлол баргузор шуд, ба ҳамдигар туҳфаҳо тақдим карданд.

"Лукашенко ба Раҳмон нусхаи камарбанди Слутский, ки бо технологияи қадима омода шудааст тақдим намуд. Ҳамчунин туҳфаи хотиравӣ - рамзи Бозиҳои 2-юми Урупоӣ, ки бо понздаҳ намуди варзиш оро дода шудааст, маҷмӯъи шоколад, ки дар ҳамоиш пешниҳод шуд ва талисмани Бозиҳои Урупоиро ба Эмомалӣ Раҳмон ҳадя кард",-омадааст дар хабарнома.

Интиқоди Лукашенко аз коҳиши табодули молу колои Белорус ва Тоҷикистон

Лукашенко Раҳмонро барои борон сипосгузорӣ кард

Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ ба раҳбари Белорус Александр Лукашенко ханҷари миллии дастсохти тоҷикӣ, ки бо истифода аз устухони оҳу омода шудааст, ҳадя кард. Як туҳфаи дигари Раҳмон наққошии Қасри Наврӯз буд. Ин макони фарҳангӣ ба муъҷизаҳои ҳаштгонаи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ворид шудааст (СҲШ).

Раҳмон дар назди муҷассамаи "Ғалаба" дар шаҳри Минск гулчанбар гузошт

Ёдрас мешавем, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Минск рафт. Дар ин ҷо миёни Раҳмон ва Лукашенко дидору мулоқот баргузор шуд, нахуст раҳбарони давлатҳо гуфтугӯи хос доштанду пасон музокироти сатҳи олӣ бо ширкати ҳайъатҳои ду ҷоиб баргузор шуд.

Дар анҷоми музокирот ҷонибҳо чанд санади нави ҳамкориро миёни Тоҷикистону Белорус, ки равобит дар чандин соҳаро дар бар мегирад, имзо карданд.