Ожонсии мубориза бо коррупсия дар Хатлон хобгоҳ сохту дар Душанбе майдончаи варзишӣ

Ожонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар ҳудуди бинои Раёсати Ожонсӣ дар вилояти Хатлон барои кормандон хобгоҳ ва майдони варзиширо ифтитоҳ намуд.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии мубориза бо коррупсия хобгоҳи мазкур аз ду ошёна иборат аст ва бинои мазкур пурра бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, барои истиқомати 12 нафар кормандон пешбинӣ шудааст.

Дархости Рустами Эмомалӣ аз Ожонсии мубориза бо коррупсия барои тафтиши фаъолияти шаҳрдорӣ

Манбаъ қайд намудааст, ки дар маросими ифтитоҳи хобгоҳ ва майдони варзишӣ, ки  роҳбари Ожонсӣ  Сулаймон Султонзода иштирок намуда, зикр намудааст, ки фароҳам овардани шароити мусоид омили асосии самаранокии фаъолияти кормандон ба ҳисоб меравад.

Манбаъ ёдрас шудааст, ки 25 уми июни  соли  равон    бахшида ба  30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе  аз  ҷониби  Агентӣ  як майдончаи нави варзишӣ ва бозии кӯдакон ба  истифода  дода шуд буд.

Таъкид шудааст, ки майдончаи варзишӣ барои бозиҳои футбол, волейбол, баскетбол, бозии кӯдакон ва макони истироҳати калонсолон пешбинӣ гардида, масоҳати умумии он 2 ҳазору 100 метри мурабаъро  ташкил медиҳад.

Дар раванди иҷрои корҳои  сохтмонии ин майдонча зиёда аз 2 ҳазору 400 метри мурабаъ роҳравҳои назди он ва хонаҳои истиқоматӣ мумфарш гардида, обравҳои бетонӣ иваз карда шуданд.