Маҳмудҷон Қаюмзода дар назди вакилони халқи вилояти Суғд ҳисобот медиҳад

Вакилони халқи вилояти Суғд, масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба буҷети вилоятӣ барои соли 2019, номгузории объектҳо баррасӣ карда, ҳисоботи Маҳмудҷон Қаюмзодаро хоҳанд шунид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Рӯзи 3 июли соли 2019 иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум баргузор мегардад.

Ба баррасии иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум масъалаҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018, №79 “Дар бораи Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020” дар вилоят;
  • ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилоят оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон;
  • ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии “Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ”, №37 Маҳмудҷон Қаюмзода;
  • оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ;
  • тасдиқи қарорҳои Раиси вилоят.

Ҳамчунин манбаъ афзуда, ки дар ин иҷлосия масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба буҷети вилоятӣ барои соли 2019, низ баррасӣ хоҳад шуд.