ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Дар фурудгоҳи шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистонро намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Беларус гарму самимӣ истиқбол гирифтанд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Бино бар иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари кишвар бо мақсади анҷоми сафари расмӣ ба шаҳри Мински ташриф овардааст.
Манбаъ қайд намудааст, ки то имрӯз бо талошҳои пайвастаи давлату ҳукумати кишвар, сиёсати дурбинонаи хориҷии дарҳои бози роҳбари кишвар, иродаи қавии сарони давлатҳо ва муколамаи сатҳи олии Тоҷикистону Беларус, муносибатҳои дӯстию ҳамкории ду давлат сатҳу сифати нав касб кардааст.
Инчунин манбаъ зикр намудааст, ки зимни ин сафари расмӣ дар назар аст, мулоқоту музокироти сатҳи олӣ доир ба баррасии маҷмуъи васеи масоили ҳамкории дуҷониба ва дарёфти роҳҳои таъмиқи робитаҳои Тоҷикистону Беларус, баргузор гардад.
Лозим ба ёдоварист, ки Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президент доир ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони маориф ва илм, кишоварзӣ, фарҳанг, Прокурори генералӣ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Инчунин ёдрас мешавем, ки 14 майи соли 2018 кишвардори Белорус Александр Лукашенко бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омада буд.
Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Беларус Александр Лукашенкоро гарму самимӣ истиқбол гирифта буд.
Лукашенко дар Ҳисор ба Раҳмон трактор ҳадя кард
Зимни музокирот дар сатҳи олӣ ҷонибҳо ҳамчунин маслаи тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои афзалиятноки фарҳангию гуманитарӣ, илму маориф, робитаҳои муассисаҳои олии таълимӣ, тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси тиббӣ дар кишварҳои якдигар, баррасӣ намудаанд.
Дар фарҷоми музокирот 15 созишнома дар аксари соҳаҳои калидии ҳамкориҳои Тоҷикистону Беларус ба имзо расида буд.