Юлдуз Гулнора Каримоваро дузд гуфт: 1 миллиарди мардум дар хориҷа

Ҳунарманди мардумии Узбакистон Юлдуз Усмонова аз ҷонибдории овозхонони узбак аз Гулнора Каримова интиқод кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Овозхони машҳури Узбакистон Юлдуз Усмонова тариқи муроҷиати видеоӣ духтари бузургии президенти аввалини Узбакистон Ислом Каримовро дузд унвон кард.

Дар ин навор Юлдуз Усмонова намояндагони шоу-бизнеси Узбакистонро, ки аз Гулнора Каримова тавсиф мекунанд, интиқод кардааст.

"Ба кадом дузд ман пазмон шавам. Вай ку дузд аст. Бас кунед корҳои беҳудаатонро",- мегӯяд Юлдуз Усмонова.

Примадонна ба овозхонони Узбакистон маслиҳат дод, ки ба ҷои ин сароянндагиро хуб аз худ кунанд. 

Юлдуз Усмонова ҳамчунн дар ин навор миқдори маблағро, ки Гулнора аз худ кардааст, гуфт.

"Як миллиард доллар берун аз кишвар мемонад, ки ба давлат аён аст. Ман дар бораи як миллиард доллар мегӯям, на як миллиард сӯм. Ҳар як танга аз они халқ аст. Ба шумо фаҳмо?",-гуфт Юлдуз Усмонова.

Усмонова қайд кард, ки миқдори умумии маблағҳои рабудашуда то ҳол маълум нест.

Пештар ситораҳои шоу-бизнеси Узбакистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ барномаеро барои пуштибонӣ аз Гулнора Каримова роҳандозӣ карданд. Дар ин барнома овозхонон ва дигар фаъолони ҷомеа аз ҳукумат талаби озод кардани Гулнораро карданд.

Сарояндагон дар саҳифаҳои худ дар Instagram аксҳои Гулнораро нашр карда, ба ӯ шифои комил ва бозгашти бетаъхир ба назди аҳли хонаводаро орзу карданд.

Ёдовар мешавем, ки Гулнора Каримова дар муассисаи ислоҳии рақами 21 Узбакистон адои ҷазо мебарад. Духтари раисиҷумҳури нахустини Узбакистон дар саркашӣ аз пардохти андоз мутаҳҳам мешавад.