Вазорати иқтисод ва шарикони рушди Тоҷикистон чораҳои зиддибуҳрониро баррасӣ карданд

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон аз баргузории мизи мудаввари муштарак бо шарикони рушд дар мавзӯи ҳамоҳангсозии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод ин чорабинӣ бар асоси супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳур,  таҳти роҳбарии Завқӣ Завқизода, муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон баргузор гардид.

Номаи Вазорати рушди иқтисод ба вазири фарҳанг

Завқизода вобаста ба муаррифии Нақшаи чорабиниҳои ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, Нигина Анварӣ дар бораи 300 рӯзи ислоҳот барои дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ гузориш додаанд.

Иштирокдорон таъкид кардаанд, ки бо назардошти тағйирёбии вазъи иқтисодии ҷаҳон ва таъсири он ба самтҳои муҳими иқтисодиёти миллӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2018, №557 “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ” қабул гардид.

Исаев: Тоҷикистон барои рушди иқтисод бояд чор корро анҷом диҳад

Масъулин ҳадафи асосии ин қарори Ҳукуматро татбиқи сиёсати макроиқтисодӣ дар самтҳои буҷету андоз, пулию қарзӣ, тавозуни пардохт, бахши воқеӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ арзёбӣ кардаанд.

Вазорат таъкид кардааст, ки мақсади асосии мизи мудаввари муштарак баррасии рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои зиддибӯҳронӣ ва 300 рӯзи ислоҳот, инчунин ҷалби маблағгузорӣ барои татбиқи сифатнок ва саривақтии ҳуҷҷатҳои мазкур буд.