Тими Тоҷикистон бо Кореяи Шимолӣ ва Сурия қувваозмоӣ мекунад

Усмон Тошев, сармураббии дастаи мунтахаби футболбозони Тоҷикистон ҳайати бозингаронро барои иштирок дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми байниминтақавӣ – “Hero Interсontinental Cup 2019” дар Ҳиндустон эълон кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар мусобиқа, ки аз 7 то 19 июл дар шаҳри Аҳмадободи Ҳиндустон баргузор мешавад, мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 22 бозингар – 2 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар - иштирок мекунад.

Рақибони “Соро компания” дар чемпионати футзали Осиё маълум шуданд

“Тими миллии кишвар омодагиро ба мусобиқаи мазкур 1 июл дар Душанбе оғоз мекунад ва 4 июл ба Ҳиндустон сафарбар мегардад. Бозии нахустини миллипӯшони тоҷик муқобили дастаи мизбон – Ҳиндустон сурат мегирад. Ин дидор 7 июл баргузор мешавад”, - омадааст дар иттилоияи Кумита.

Манбаъ афзуд, ки рӯзи 10 июн дар даври дуюм шогирдони Усмон Тошев муқобили Ҷумҳурии халқӣ - демократии Корея, ё худ Кореяи шимолӣ вориди майдон мешаванд.

Бозии ниҳоии дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Сурия 15 июл доир мегардад, иттилоъ дод Кумитаи миллии олимпии кишвар.

Ин ниҳод тавзеҳ дод, ки мусобиқаи Ҷоми байниминтақавӣ-2019 дар Ҳиндустон тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад ва ҳар даста бо ҳамдигар як бозӣ анҷом медиҳанд. Ду дастаи беҳтарин 19 июл дар финал вомехӯранд.

Иштирок дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми байниминтақавӣ-2019 барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон марҳилаи дигарӣ омодагӣ ба мусобиқоти интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022, ки моҳи сентябр оғоз мешавад, маҳсуб меёбад.