Рақибони “Соро компания” дар чемпионати футзали Осиё маълум шуданд

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз анҷоми қуръакашии тимҳо барои иштирок дар қаҳрамонии Осиё дар риштаи футзал хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Кумита, қуръакашии чемпионати футзали Осиё дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар шаҳри Куала Лумпури Малайзия баргузор шуд.

Тоҷикистон дар футзал аз Олмон пештар будааст

“Дар асоси қуръакашӣ 16 дастаи беҳтарини қора ба чор гурӯҳ тақсим шуданд”, - таъкид кард манбаъ.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи бонуфуз қаҳрамони феълии лигаи касбии футзали кишвар дастаи "Соро компания" намояндагӣ мекунад, ки ба гурӯҳи "С" шомил шуд.

Ҳарифони тими футзали “Соро компания” аз Душанбе дар гурӯҳи “С” тимҳои "Бонки Бейрут" –и Лубнон, "Вамос Матарам" – и Индонезия ва "Донишгоҳи Виктория" –и Мянма мебошанд.

Чемпионати футзали Осиё миёни бошгоҳҳои қора аз 7 то 17-уми август дар шаҳри Бангкоки Тайланд баргузор мешавад.

Дастаи "Соро компания" нахустин бор дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ширкат менамояд. Дастаҳои футзали Тоҷикистон иштирок дар ин мусобиқаро соли 2017 шуруъ кардаанд. Бори аввал дастаи футзали "Диси Инвест" ва соли гузашта тими футзали "Сипар" иштирокчии Чемпионати Осиё буданд, вале аз гурӯҳ набаромаданд.