Муроҷиати Зеленский ба Путин

Президенти Украина Владимир Зеленский дар робита ба озод кардани баҳрнавардон ба президенти Русия Владимир Путин муроҷиат кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленский ба президенти Русия Владимир Путин муроҷиат кард, хабар медиҳад RT.

Дар ин муроҷиатнома президенти Украина аз Путин хост, ки баҳрнавардони украиниро озод кунад.

"Мехоҳам ба президент Путин муроҷиат намоям. Ҳамаи мо фарзанд дорем. Кӯдаконро ба волидонашон баргардонед",-гуфт раҳбари украинӣ.

Зеленский шарти оштӣ шудани Русия ва Украинаро гуфт

Зеленский қайд кард, ки вазири умури хориҷаи Украина Павел Климкин ҳамгоми посух гуфтан ба нотаи Русия оид ба баҳрнавардон, ин масъаларо бо ӯ ҳамоҳанг накарда буд. Раҳбари Украина аз вазири корҳои хориҷаи ин кишвар талаб кард, ки ин амали худро фаҳмонад.

Ёдрас мешавем, ки пештар раисиҷумҳури Украина яке аз шартҳои оштӣ шудан бо Русияро озод кардани баҳрнавардони украинӣ гуфта буд.

"Русия метавонад, барои аз сар гирифтани муносибатҳо ва ҳалли мушкилоти созмондодаи худ ба таври мутамаддин, қадаме гузорад. Мебинем, дар Кремл чӣ гуна роҳро интихоб мекунанд",- навишта буд Зеленский дар саҳифааш дар Facebook.

Ёдовар мешавем, ки субҳи 25 ноябри соли 2018 се киштии Қувваҳои мусаллаҳи Украина ба ҳудуди баҳри Сиёҳи Русия ворид шуданд. Киштиҳои низомӣ аз фармонҳои Қувваҳои обии Русия саркашӣ карда, киштиҳоро манъ накарданд.

Зеленский гуфт, ки мулоқоташро бо Путин чӣ гуна оғоз хоҳад кард

Мақомоти қудратии Русия пас аз чанде киштиҳои Украинаро боз доштанд. Дар паи ин ҳодиса се тан аз баҳрнавардони украинӣ захмӣ шуданд.

Баъдтар нисбати баҳрнавардони украинӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуд. 

Ҳамин ҳафта мақомоти Русия ба сафорати Украина ва мақомоти байналмилалии дахлдор нота равон кард. Дар он гуфта мешавад, ки парвандаи ҷиноӣ нисбати 24 баҳрнаварди украинӣ идома дорад, вале Маскав омода аст ин масъаларо баррасӣ кунад.

Дар посух ба ин вазири умури хориҷаи Украина Климкин аз Маскав талаб кард, ки баҳрнавардони украиниро ба зудӣ озод кунанду қарори додгоҳи байналмилалиро риоя намоянд.