Супориши Раҳмон: калонсолон дар Рашт, ороиши мӯй, компютеру кафшергарӣ меомӯзанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Рашт бинои Агентии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ ва филиали Маркази таълими калонсолони Тоҷикистонро ифтитоҳ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, бинои нави Агентӣ ва филиали маркази таълими калонсолон аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дар ошёнаҳои якуму дуюми он - ҳуҷраҳои кории роҳбарият ва кормандон,  кошонаи ҳусн, муҳосибот ва синфхонаи омӯзиши касб барои маъюбон мавҷуд мебошанд.

Шукурҷон Зуҳуров бори аввал ба Қатар сафар мекунад: муҳоҷират баррасӣ мешавад?

Ҳамчунин дар таҳхонаи бино синфхонаи қаннодӣ ва ошхона ҷойгир шудаанд.

Котиботи раисиҷумҳур афзуд, ки Маркази таълим барои калонсол дар доираи супориши бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, дар бинои нав барои омӯзондани касбҳои ороишии мӯй, омӯхтани нозукиҳои кор бо компютер барои маъюбон, синфхонаи замбурисалпарварӣ ва омӯзиши ҳунари кафшергарӣ шароит муҳайё карда шудааст.

“Бинои Агентии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ, ва филиали Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ҳамчунин дорои бойгонӣ, хонаи омӯзгорон, утоқи қабули шаҳрвандон доир ба масъалаҳои муҳоҷират ва маҷлисгоҳ мебошад”, - омадааст дар иттилоия.

Эмомалӣ Раҳмон кормандони агентиро барои дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ кардани кор, беҳдошти сифати таълим ва касбомӯзӣ муваззаф кардааст.