Убайдуллоев ҷаласаи нави палатаи болоии парлумонро даъват кард

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон иҷлосияи навбатии 20-уми палатаи болоии парлумони кишварро даъват кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси миллии Тоҷикистон, иҷлосияи 20-ум, даъвати 5-ум  рӯзи 11 июли соли 2019, соати 9.00 дар шаҳри Душанбе даъват карда шудааст.

Корхонаи Аваз Кабиров дар ҳоли муфлисшавист: кумакхоҳӣ аз Вазорат - акс

Манбаъ афзуд, дар иҷлосия баррасии як қатор масъалаҳо, аз ҷумла тағйирот ба қонун “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва тағйирот ба қонун “Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника” баррасӣ мешаванд.

Инчунин як қатор қонунҳои нав, ки қаблан Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон қабул намуд, дар палатаи болоии парлумон баррасӣ мегарданд.

Аз ҷумла аъзои Маҷлиси миллӣ, қонун “Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда”-ро, ки ба иттилои муаллифонаш барои ҳифзи саломатии мардум равона гардидааст, мавриди муҳокима қарор медиҳанд.

Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов” аз мавзуъҳои дигари ҷаласаи Маҷлиси миллӣ хоҳад буд.

Аъзои палатаи болоии парлумони Тоҷикистон инчунин қонун “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон” ва лоиҳаҳои дигарро баррасӣ менамоянд.