ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, иншооти мазкур дар шафати бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ҷойгир буда, аз ҷониби сокинони ватандӯсти ноҳия бо ҷонибдорӣ аз сиёсати роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон бо тарҳи хеле зебову муосир сохта шудааст.
“Бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Рашт аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаҳои якум ва дуюми он маҷлисгоҳ ва 9 утоқи барҳавои кории муҷаҳҳаз бо ашёи зарурӣ барои кормандони ҳизб омода гардидаанд”, - иттилоъ дод котибот.
Манбаъ афзуд, дар ҳудуди иншоот барои ба талаботи меъёрҳои меъморӣ мутобиқ кардан саҳни ҳавлӣ сафолакпӯш ва атрофи он сабзазору гулкорӣ шудааст.
Котиботи раисиҷумҳур таъкид кардааст, ки сокинони ноҳия, аъзоёни фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия ҳамаҷониба сиёсати созандаи Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ карда, дар рушду пешрафти соҳаҳои муҳими ноҳияи Рашт саҳми сазовор мегузоранд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба сифати сохтмон баҳои баланд дода, ба мардуми ноҳия барои ҷонибдории ҳадафҳои созанда изҳори сипос кардааст.