Раҳмон ба Рашт рафту роҳи навсозро дар шаҳраки Навобод ифтитоҳ кард

Имрӯз, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва иштирок дар ифтитоҳи як қатор иншоот ба ноҳияи Рашт сафар кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмонро сокинон бо шукӯҳу самимияти беандоза истиқбол гирифтанд.

Хело ҷавону бетаҷриба будам: ёди Эмомалӣ Раҳмон аз аввалин рӯзҳои президентиаш - Видео

Дар шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қисмати роҳи маҳаллиро, ки пурра навсозӣ шудааст, мавриди истифода карор дод.

Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳур иттилоъ додааст, бо саҳми соҳибкорон чанд сол қабл бештар аз 10 километр роҳи автомобилгарди Сари пул то шаҳраки Навобод мумфарш карда шуда, дар марҳилаи дуюм низ наздик ба 10 километри дигари роҳ дар идомаи вусъати корҳои ободонию созандагӣ навсозӣ гардидааст. Мумфарш намудани роҳи маркази шаҳраки Навобод дар як муҳлати кӯтоҳ сурат гирифта, ду шафати роҳи мазкур чароғон карда шудааст.

Манбаъ ёдрас шудааст, ки роҳҳои маҳаллии ҳудуди шаҳраки Навобод дар гузашта вайрону валангор буданд ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт ба мушкилӣ сурат мегирифт.

Раҳмон дар Лахш: заминҳои бекорхобидаи ҳудуди ноҳия боғоти нав бунёд карда шавад

Як зумра соҳибкорони ноҳия дар навсозии роҳҳои маҳаллӣ фаъолона саҳм гузоштанд. Ҳамзамон тариқи роҳи мазкур ҳамарӯза даҳҳо воситаҳои нақлиёт ҳаракат намуда, сокинон низ дар ҳама фаслҳои сол бе мушкилӣ рафту омад мекунанд. Навсозии роҳҳои маҳаллӣ имкон фароҳам овард, ки рушди дигар соҳаҳои хоҷагии халқ дар ин минтақаи кӯҳистони мамлакат давра ба давра таъмин гардад.

Инчунин манбаъ қайд намудааст, ки тайи як соли охир 41 километри роҳҳои маҳаллии ҳудуди шаҳраку деҳоти ноҳияи Рашт бо дасгирии Ҳукумати Тоҷикистон навсозӣ гардида, дар ҳама фаслҳои сол ҳаракати воситаҳои нақлиëт таъмин мебошад.

“Баъди навсозии роҳи маҳаллии шаҳраки Навобод мушкилоти чандинсолаи сокинони дигар деҳаҳои ноҳияи Рашт низ бартараф шуда, имконият фароҳам меорад, ки ҳаҷми интиқоли молу маҳсулот аз ин минтақаҳои кӯҳистони мамлакат афзоиш ёфта, сатҳи некуаҳволии мардум боз ҳам беҳтар гардад”,- таъкид намудааст манбаъ.

Дафтари матбуоти раисҷумҳур ҳамчунин қайд намудааст, ки дар доираи вусъати корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон навсозии зиëда аз 20 километр роҳҳои маҳаллӣ дар қаламрави шаҳраку деҳоти ноҳияи Рашт ба нақша гирифта шудааст, ки ин иқдоми ободкорона тадриҷан амалӣ карда мешавад.