ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Дар натиҷаи баргузории чунин амалиётҳои пешгирикунанда ҳамарӯза аз ҷониби кормандони ин ниҳод қоидавайронкуниҳои зиёде дар роҳҳои пойтахт ба қайд гирифта шуда, нисбати ронандагон ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, ки ба қонуншиканӣ роҳ додаанд, чораҳои қонунӣ андешида мешаванд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии ВУД Тоҷикистон.
Манбаъ афзудааст, ки дар натиҷаи амалинамоии маҷмӯи чорабиниҳои мақсаднок давоми ҳафтаи сипаришуда, дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҳамагӣ 6808 адад қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор ва нисбати ронандагону дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.
Аз ҷумла:
-Идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ – 5 адад;
-Бе рақами қайди давлатӣ – 21-адад;
-Баланд намудани суръати ҳаракати воситаи нақлиёт аз меъёри муқарраршуда – 12 адад;
-Истифода бурдани телефони мобилӣ ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт – 404 адад;
-Итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо – 25 адад;
-Итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия оид ба манъ кардани воситаи нақлиёт – 22 адад;
-Вайрон намудани қоидаҳои сабқат – 157 адад;
-Худсарона баромадан аз хати сайр – 177 адад;
-Нагузаронидани воситаи нақлиёт аз муоинаи техникӣ –146 адад;
-Вазъияти хавфнок – 16 адад;
-Аз меъёри муқаррарӣ зиёд савор намудани мусофирон – 262 адад;
-Риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби пиёдагардон – 1381 адад;
-Ба ҷаримагоҳ дастрас карда шуд – 40 адад;
-Дигар намуди ҳуқуқвайронкуниҳо – 2835 адад.
Дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт дағалтарин қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ ба ҳисоб меравад.
Гарчанде ҷазо барои чунин ронандагон вазнинтар гардидаву кормандони мақомоти милитсия ҷиҳати ошкор ва муайяннамоии чунин афрод тамоми чораҳоро роҳандозӣ намоянд ҳам, вале мутаассифона ҳанӯз ҳам ҳастанд бархе аз нафароне, ки талаботи қонуни амалкунандаро нодида гирифта, дар ҳолати мастӣ воситаи нақлиёти худро идора мекунанд, ки ин ҳолат ба ҳаёти худи ронанда ва иштирокчиёни дигари ҳаракат дар роҳ хатари ҷиддӣ дар пай дорад.
Чи тавре ки зикр гардид, ҳафтаи сипаришуда низ аз ҷониби нозирони роҳ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе 5 ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ошкору муайян карда шуда, нисбати ронандагон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Инҳо:
Нуров Сафаралӣ Маҳмадович – ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота-Кемри, рақами қайди давлатиаш 9005 РВ 01;
Воҳидов Аъзам - ронандаи автомашинаи тамғаи Ласети, рақами қайди давлатиаш 5440 ТТ 05;
Муҳаббатов Сулаймон Кишварович – ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра, рақами қайди давлатиаш 8988 ОD 01;
Табаров Шодихон Мирзоумарович – ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Бенс, рақами қайди давлатиаш 4321 ВН 01;
Файзуллоев Бахтиёр – ронандаи автомашинаи тамғаи Ваз-2109, рақами қайди давлатиаш В8378р 07.