Бозиҳои нав дар феҳрасти намудҳои олимпӣ шомил шуданд

Кумитаи байналмилалии олимпӣ намудҳои варзиши шӯхпаймоӣ, мавҷбозӣ, скейтбозӣ ва брекдансро муваққатан ба барномаи Бозиҳои олимпии Париж-2024 ворид кардаст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, қарори мазкур дар иҷлосияи 134-уми Кумитаи байналмилалӣ қабул карда шудааст.

Маслиҳат пухт: варзишкорони тоҷик пеш аз олимпиада дар Ҷопон тамрин мекунанд

“Париж-2024 дуюм мизбони Бозиҳои олимпӣ мебошад, ки имкон дорад, барои ба барномаи бозиҳо ворид кардани якчанд намуди варзиш ба КБО пешниҳод манзур намояд”, -омадааст дар иттилоия.

“Ин чор намуди варзиш, ки аз ҷониби Париж-2024 пешниҳод шудааст, ба баробарии гендерӣ, шаҳрӣ кардани бозиҳо мусоидат мекунад ва ба ҷавонон имкон фароҳам меорад, ки иштирокчии Бозиҳои олимпӣ бошанд”, - иброз дошт президенти КБО Томас Бах.

Манбаъ афзуд, ки мусобиқаи брекданс бори аввал дар Бозиҳои олимпӣ доир хоҳад гашт. Шӯхпаймоӣ, мавҷбозӣ ва скейтбозӣ ба барномаи Бозиҳои олимпии Токио-2020 ворид гардидаанд.

Аксҳои беҳтарин мувофиқи маълумоти оҷонсии Reuters

Комиссияи барномаи олимпии КБО таҳлил ва назоратро аз болои ин чор намуди варзиш идома медиҳад.

Аз ҷумла, комиссия ҳамроҳ бо Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпии Париж-2024 мусобиқаҳои шӯхпаймоӣ, мавҷбозӣ ва скейтбозиро дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 таҳлил ва баррасӣ менамоянд. Брекданс ба барномаи Бозиҳои олимпии наврасон-2018 дар Буэнос Айрес дохил буд.
Кумитаи иҷроияи КБО қарори ниҳоиро оид ба барномаи Бозиҳои олимпии Париж-2024, шумораи варзишгарон ва қувваозмоиҳо моҳи декабри соли 2020 қабул мекунад.