ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Владимир Жириновский, сиёсатмадори рус, раиси Ҳизби либерал-демократи Русия пешниҳод кардааст, ки Русия барои коҳиш додани шумораи муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ҷои кориро бевосита дар кишварҳои минтақа ташкил кунад: масъалан аз Тоҷикистон бештар мева харидорӣ кунад. Дар ин ҳол, шаҳрвандони кишвар дар ватан ҷои кор пайдо мекунанд.
"Мо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ фармоиш медиҳем, то қувваи корӣ дар худи кишварҳо монад", - тавзеҳ додааст вай.
Сиёсатмадор дар сӯҳбат бо радиои "Эхо Москвы" гуфтааст, ки феълан меваи тоҷикӣ ба воситаи Қазоқистон вуруди Русия мешаваду ба Тоҷикистон ин содирот фоидаи камтар меояд.
"Ман дар Тоҷикистон будам. Тоҷикон бештар мева содир мекунанд. Аммо дар марзи Қазоқистон онро қазоқҳо кашида мегиранд. Ин чӣ гап? Тоҷикон худашон мехоҳанд, ки меваашонро ба Русия оварда ба фурӯш бароранд. Аммо миёнаравии Қазоқистон фоидаро ним мекунад", - афзудааст Жириновский.
Раиси ҳизб пешниҳод кардааст, ки қаторҳои боркашони Маскав-Душанбе ташкил карда шаванд, ки меваҳоро бевосита аз Тоҷикистон то Русия дастрас кунанд.
Ӯ гуфтааст, метавон ба шаҳрҳои наздиктари Русия - Екатеринбург, Омск, Новосибирск меваҳои тоҷикиро дастрас кард.
Ваъдаю вафои Жириновский: раиси “ЛДПР” аз минбари Думаи давлатӣ дар бораи Тоҷикистон гуфт
Ёдрас мешавем, охирҳои моҳи октябру аввалҳои моҳи ноябри соли 2018 раиси ЛДПР Владимир Жириновский ба Тоҷикистон сафар карда буд. Сиёсатмадори рус аз шаҳрҳои Ҳисор, Душанбе ва Турсунзода дидан кард.
Ӯ дар рафти сафар бо чанде аз сиёсатмадорони тоҷик, аз ҷумла раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард. Жириновский аз обу ҳаво, табиати кишвар ва меҳмоннавозии тоҷикон тавсиф карда, ба раисҷумҳури Тоҷикистон гуфта буд, ки баъди ин сафар раванди тавсифи санадҳои байни Тоҷикистон ва Русияро дар Думаи давлатӣ метезонад.