Дар Рӯшон ба Шоҳзода Алӣ Муҳаммад Оқохон тоқӣ ҳадя карданд - видео

Дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ ба Шоҳзода Алӣ Муҳаммад Оқохон тоқӣ ҳадя карданд
Sputnik

Шоҳзода Алӣ Муҳаммад Оқохонро дар ноҳияи Рӯшон гарм истиқбол гирифтанд. Аз навор дида мешавад, ки дар ин ноҳия ба Шоҳзода тоқии миллӣ ҳадя карданд.

Шоҳзодаро дар ин сафар кормандони Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон ҳамроҳӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз, 25 июн Шоҳзода Алӣ Муҳаммад Оқохон бо сафари расмӣ ба шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф овард.

Шоҳзода Алӣ Муҳаммад Оқохон аз Маркази исмоилияи Хоруғ боздид мекунад

Дар чорчӯби сафараш Шоҳзода аз Донишгоҳи Осиёи Марказӣ боздид кард.

Дар кампуси Хоруғи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ Шоҳзода Али Муҳаммад Оқохонро муовини аввали раиси ВМКБ Алишер Мирзонаботов ва раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ истиқбол намуданд.

Ҳамчунин дар доираи сафари корӣ Шоҳзода Алӣ Муҳаммад Оқохон аз Маркази тиббии Оқохон, ҷамоатхона ва маркази исмоилия ва дигар ҷойҳои шаҳр боздид ба амал хоҳад овард.