Раҳмон: ҳамкорӣ кунед то фарзандонро аз мактабҳои диниву созмонҳои террористӣ баргардонем

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз сокнони ноҳияи Тоҷикобод даъват кард, ки барои баргардонидани фарзандону хешу таборон аз мактабҳои динӣ дар хориҷ аз кишвар ва созмонҳои террористиву экстремистӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ намоянд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik.  Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш бо сокнони ноҳияи Тоҷикобод, аз падару модарон ва хешу табори шахсоне, ки дар муассисаҳои динии кишварҳои хориҷӣ ғайриқонунӣ таҳсил мекунанд ва ё ба созмону гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ҳамроҳ шудаанд даъват намуд, ки барои баргардонидани онҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ намоянд.

Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.

Раҳмон дар Тоҷикобод мошин тӯҳфа карду майдони Парчам ва Нишони давлатӣ ифтитоҳ намуд

Бино бар иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ зикр намуд, ки то ҳол 23 нафар сокинони ноҳияи Тоҷикобод дар муассисаҳои динии кишварҳои хориҷӣ ғайриқонунӣ таҳсил мекунанд.

“Тавре ки борҳо гуфта будам, таҳсилоти ғайриқонунӣ дар муассисаҳои динии хориҷи кишвар яке аз роҳҳои ҷалб гардидани ҷавонон ба созмону гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ мебошад”, - гуфтааст раисҷумҳур.

Вай афзуд, ки тибқи маълумот аз 30 нафар сокинони бо созмони террористии “Давлати исломӣ” алоқаманди ноҳия ҳоло 7 нафарашон дар маҳбас ва 17 нафари дигар дар хориҷа қарор доранд.

“Роҳбарону фаъолон, падару модарон ва хешу табори чунин шахсон вазифадоранд, ки якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бобати ба Тоҷикистон баргардонидани онҳо фаъолона кор кунанд”, - таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.

Инчунин вай афзуд, ки ҳоло аз ноҳияи Тоҷикобод дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон 20 нафар ҷавонон таҳсил мекунанд, ки 7 нафари онҳо тибқи квотаи Президентӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Раисҷумҳур таъкид дошт, ки ин нишондиҳандаи паст мебошад.

Вай гуфт, ки на ҳамаи донишҷӯён баъди хатми муассисаҳои таҳсилоти олӣ, аз ҷумла Донишгоҳи тиббӣ тибқи тақсимот ба ноҳия барои кор ҳозир мешаванд.

Раҳмон ба Тоҷикобод рафт

“Роҳбарони ноҳия бояд бо дарназардошти имтиёзҳои ба кадрҳои ҷавон пешбинишуда ҷиҳати ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби бештари мутахассисони соҳаи тиб шароити мусоид фароҳам оваранд”, - қайд намуд Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури кишвар.

Ёдрас мешавем, ки мубҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон ба ноҳияи Тоҷикобод сафар кард.

Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳур хабар додааст, имрӯз дар рӯзи дуюми сафари корӣ ба водии Рашт, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти нав ба ноҳияи Тоҷикобод ташриф овард.

Бино бар иттилои манбаъ, дар фурудгоҳи муваққатии ноҳияи Тоҷикобод Эмомалӣ Раҳмонро сокинони ноҳия гарму самимӣ истиқбол намуданд.