Эмомалӣ Раҳмон ба 36 ҷавон квота дод - акс

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикобод ба 36 ҷавон квотаи таҳсил дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафараш ба Тоҷикобод бо фаъолону сокинони ноҳия ддиору мулоқот кард.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти ноҳия супориш додааст, ки ҷараёни амалисозии лоиҳаҳо ва сатҳу сифати иншооти бунёдшавандаро зери назорати қатъӣ гирифта, барои фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ барои сокинон ҷораҷӯӣ намоянд.

"Дар ҳамин ҷо бо дастгирии сарвари давлат 36 ҷавон, аз ҷумла як ҷавонписар барои идомаи таҳсил дар муассисаҳои олии таълимии кишвар роҳхат гирифтанд",-омадааст дар хабарнома.

Эмомалӣ Раҳмон ба 36 ҷавон квота дод - акс

Манбаъ афзуда, ки пас аз анҷоми суханронии Раҳмон аз номи сокинони ноҳия, намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла ҷавонон ва собиқадорон — Ширинмоҳ Ширинбекова, Зайналобиддин Муҳадбеков, Сулаймони Аҳтам ва Давлатмурод Балаев баромад карда, барои дастгириҳо ба президент изҳори сипос карданд.