Раҳмон дар Лахш: заминҳои бекорхобидаи ҳудуди ноҳия боғоти нав бунёд карда шавад

Имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз сафар ба ноҳияи Тоҷикобод, ба ноҳияи Лахш рафт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон нахуст ба деҳоти Сарталои ноҳияи Лахш рафта бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоавӣ ва инфиродӣ, ки дар ин минтақа зиёда аз 250 гектар заминҳои бекорхобидаро обёрӣ намуда, ба гардиши кишоварзӣ ворид кардаанд, ошно шуд.

Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, дар соли равон дар Дашти Сарталои ноҳияи Лахш аз майдони умумии заминҳои обёришуда аҳли заҳмати Хоҷагии деҳқонии Муҳаммад-2018 дар 54 гектар боғи нав бунёд намуданд.

Раҳмон ба Тоҷикобод рафт

Дар боғи мазкур, наздики 30 ҳазор ниҳоли дарахтони себ, олуи сиёҳ ва нок шинонида шуда, айни замон дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани агротехникаи парвариш нашъунамои ниҳолон таъмин мебошад.

Дар боғи навбунёд Эмомалӣ Раҳмон бо хоҷагидорон суҳбат карду маслиҳатҳои муфид дод.

Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни дидор таъкид намудааст, ки бунёди боғҳои нав агар аз як тараф омили таъсиси ҷойҳои корию беҳдошти сатҳи зиндагии мардум бошад, аз тарафи дигар истеҳсолу содироти меваҷоти гуногун ва хушкмеваҳо ба хориҷи мамлакат афзоиш меёбад.

Бо ҳамин мақсад Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар талу теппаҳо ва заминҳои бекорхобидаи ҳудуди ноҳия боғоти нав бунёд карда шавад.

Раисҷумҳури кишвар изҳори қаноатмандӣ карда гуфт, ки кишоварзони ноҳияи Лахш дар истеҳсоли картошка таҷрибаи калон дошта, бо зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли он дар ҳифзи амнияти озуқавории кишвар нақши арзанда мегузоранд.

Манбаъ ёдрас шудааст, ки соли гузашта кишоварзони ин ноҳияи баландкӯҳи мамлакат истеҳсоли картошкаро ба зиёда аз 100 ҳазор тонна расониданд.

Раҳмон дар Тоҷикобод мошин тӯҳфа карду майдони Парчам ва Нишони давлатӣ ифтитоҳ намуд

Соли равон бошад аз ҷониби кишоварзони ноҳияи Лахш дар майдони беш аз 4 ҳазор гектар картошка кишт карда шудааст.

Ҳамзамон дар соли равон деҳқонони ноҳияи Лахш тибқи дурнамо дар майдони 78 гектар боғҳои нави мевадиҳанда бунёд карданд.

Дар маҷмӯъ майдони боғот дар ноҳия наздик ба 2 ҳазору 500 гектарро ташкил медиҳад ва ҳамасола деҳқонон ба таври фаровон себу нок, шафтолу, гелос, зардолу, олу ва дигар намуди мева ҷамъоварӣ менамоянд.

Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба истифодаи пурсамари замин ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти худӣ гуфт, ки деҳқонон ва ҳамаи истеҳсолкунандагони неъматҳои моддӣ дар тамоми деҳоти ноҳияи Лахш барои татбиқи ин ҳадафҳо камари мустаҳкам бастаанд ва амнияти озуқаворӣ бо истифода аз имкониятҳои дохилии кишвар таъмин мегардад.