Беҳтарин лаҳзаҳои сафари Эмомалӣ Раҳмон ба водии Рашт

Sputnik

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон субҳи имрӯз бо сафари корӣ ба водии Рашт рафт. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳадафи сафар иштирок дар тантанаҳои идона ба истиқболи 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти дорои таъиноти гуногун ва суҳбату вохӯриҳои судманд бо сокинон ба ноҳияҳои водии Рашт мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили Ваҳдати миллӣ ба водии Рашт рафт

Боздиди кории Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои водии Рашт аз ноҳияи Сангвор оғоз гардид. Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор нахуст майдончаи варзишии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-ро мавриди истифода қарор додааст, ки ба иттилои котибот дар масоҳати 540 метри мураббаъ сохта шудааст.

Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти расмии маркази савдои “Давлатҷон”, ки аз тарафи соҳибкори ватанӣ Хайрулло Давлатов сохта шудааст, оғози расмӣ бахшид.

Дар пайи ба истифода додани маркази тиҷоратӣ Эмомалӣ Раҳмон ба зиёда аз 60 нафар кӯдаки ятим ва фарзандони оилаҳои ниёзманди ноҳияи Сангвор туҳфаҳои идона тақдим намуд.

Ноҳияи Рашт барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ 4 хатсайри нав ташкил кард

Зимнан Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Сангвор Парчами давлатиро дар вазъияти тантанавӣ барафрохтанд

“Парчами давлатӣ бо баландии 50 метр дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори рӯзи Ваҳдати миллӣ бунёд шудааст. Паҳноии матоъи Парчам 7 ва дарозияш 14 метрро ташкил намуда, атрофии он ба масоҳати 735 метри мураббаъ сафолакпӯш гардидааст.”

Инчунин рохбари давлат дар ноҳияи Сангвор аз гӯшаи намоишгоҳи кишоварзӣ дидан намуд.

Раҳмон дар Рашт: ҳамаи гумроҳшудагон аз хориҷа баргардонда шаванд

Бино ба иттилои котиботи раисиҷумҳур, дар намоишгоҳ намунаи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои дастӣ, ки расму анъанаҳои мардуми кӯҳистонро таҷассум мекарданд, ба маъраз гузошта шуд.

Раисиҷумҳур ҳунари волои кадбонуҳои ин ноҳияи дурдасти кишварро,тавсиф намуда ба занони таҷрибадори ноҳияи Сангвор дастур дод, ки ба духтарони ҷавон тарзи омода намудани нонҳои болаззатро омӯзанд.

Эмомали Раҳмон дар ноҳияи Нуробод марҳилаи якуми роҳи марказии шаҳраки Дарбандро ифтитоҳ намуда, ба марҳилаи дуюми корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур оғоз бахшид. Гузашта аз ин сарвари давлат дар ноҳияи Нуробод ба фаъолияти Маркази савдо, майдончаи футбол ва Корхонаи фаръии давлатӣ ҳусни оғоз бахшид.

1 / 19
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон субҳи имрӯз бо сафари корӣ ба водии Рашт рафт
2 / 19
Эмомали Раҳмон дар фурудгоҳи Рашт аз чархбол фурӯд омад
3 / 19
Сокинони ноҳияи Рашт бо либоси идона ба пешвози роҳбари давлат баромаданд
4 / 19
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомали Раҳмонро ҳангоми аз чархбол фурӯд омадан, гулдухтарони Рашт бо либоси миллӣ ва дастагулҳо пешвоз гирифтанд
5 / 19
Истиқбол аз Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давлат дар ноҳияи Сангвор
6 / 19
Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор майдончаи варзишии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-ро мавриди истифода қарор дод
7 / 19
Суханронии роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ба истифода додани мактаби варзишӣ
8 / 19
Эмомалӣ Раҳмон дар иҳотаи варзишгарон
9 / 19
Эмомали Раҳмон дар иҳотаи толибилмони ноҳияи Сангвор
10 / 19
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти расмии маркази савдои “Давлатҷон”, оғози расмӣ бахшид
11 / 19
Дар пайи ба истифода додани маркази тиҷоратӣ Эмомалӣ Раҳмон ба зиёда аз 60 нафар кӯдаки ятим ва фарзандони оилаҳои ниёзманди ноҳияи Сангвор туҳфаҳои идона тақдим намуд
12 / 19
Кӯдакон дар арафаи таҷлили бошукуҳи 22 - солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ аз дасти Эмомалӣ Раҳмон туҳфаи пулӣ ва сару либоси зебо гирифтанд
13 / 19
Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ ба кушодашавии фаъолияти маркази баргузории туйю маҳфилҳо ҳусни оғоз бахшид
14 / 19
Эмомалт Раҳмон аз гӯшаи намоишгоҳи кишоварзӣ дидан намуд. Раисиҷумҳур ҳунари волои кадбонуҳои ин ноҳияи дурдасти кишварро, ки дар намоишгоҳ ба пӯхтани нонҳои лазиз машғул буданд, шоёни таҳсин хонд.
15 / 19
Эмомалӣ Раҳмон маззаи асали занбӯрпарварони ноҳияро чашид.
16 / 19
Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ
17 / 19
Намоишгоҳи кишоварзӣ дар ноҳияи Рашт
18 / 19
Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз деҳаи Холибек ва Хумдон
19 / 19
Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба занони таҷрибадори ноҳияи Сангвор дастур дод, ки ба духтарони ҷавон тарзи омода намудани нонҳои болаззатро омӯзанд