ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллӣ, қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон, аз ҷумла 1 доллари ИМА аз 9.4397 то 9.4400 сомониро ташкил медиҳад.
Манбаъ афзуд, ки арзиши миёнаи 1 евро ба 10.6867 то 10.8000 сомонӣ ва 1 рубли русӣ ба 0.1487 то 0.1515 сомонӣ баробар шудааст.
Бонки миллӣ дар бозори расмии ғайринақдӣ арзиши 1 долларрро — 9.4397 сомонӣ, 1 евро – 10.6867 сомонӣ ва 1 рубли русиро — 0.1487 сомонӣ арзёбӣ кардааст.
БМТ ҳушдор додааст, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.