Рӯзи 2-и мусобиқаи байналмилалӣ дар Хуҷанд: аз Тоҷикистон танҳо Хоркашов медал гирифт

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, 23-юми июн, дар рӯзи дуюми мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ дар шаҳри Хуҷанд ғолибон муайян гардиданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи милли олимпӣ, варзишгарони Русия, Белорус, Узбакистон ва Тоҷикистон дар рӯзи дуюми мусобиқа бо нишондиҳандаи фардию гурӯҳӣ ҷоизадори мусобиқа шуданд.

Баъди шикаст бо ҳисоби 0 - 4: Узбакистон бозии дуюм бо Тоҷикистонро бурид

“Миёни занҳо дар шинои тарзи парвона бо масофаи 50 метр намояндаи Русия Олеся Корчагина ҷойи аввал, намояндагони Белорус Елезавета Левша ва Рогачёва Татяна мутаносибан мақомҳои дуюму сеюмро аз худ намуданд. Дар шинои маҷмӯӣ ба масофаи 200 метр варзишгари Русия Алина Ситдикова зинаи якум, шиновари Узбакистон Анастасия Зелинская ҷойи дуюм ва варзишгари Белорус Халдоба Татяна мақоми сеюмро соҳиб гардиданд”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, ки дар намуди брасс ба масофаи 50 метр низ варзишгарони Русия Корчагина Олеся мақоми аввал, Даря Головина ҷойи дуюм ва намояндаи Узбекистон Бибигул Менлибоева зинаи сеюми ифтихориро ба даст оварданд.

Кумитаи варзиши ба 42 варзишгари тоҷик унвонҳои “номзад ва устоди варзиш” тақдим кард

Миёни мардҳо дар шинои тарзи озод ба масофаи 100 метр шиноварони Федератсияи Русия Алексей Мерзликов зинаи аввал, Иван Манин мақоми дуюм ва варзишгар аз Узбакистон Ойбек Хужаев ҷойи сеюмро ишғол намуданд. Дар намуди маҷмӯӣ ба масофаи 200 метр варзишгари Ҷумҳурии Узбакистон Олимҷон Одилов мақоми якум ва варзишгарони Ҷумҳурии Белорус Алексей Ясевич ҷойи дуюм, Сергей Аплевич зинаи сеюмро соҳиб гардиданд. Дар намуди брасс ба масофаи 50 метр ҷойи якумро Сидорчук Алексей аз Ҷумҳурии Узбакистон, зинаи дуюмро варзишгари Ҷумҳурии Белорус Адамена Антон ва мақоми сеюмро шиновари Тоҷикистон Рамзиёр Хоркашов сазовор гаштанд.

Кумитаи миллии олимпӣ зикр кардааст, ки 2-юмин Мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ 22 июн дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки беш аз 70 варзишгари 7 давлат оғоз гардид ва то 25 июн идома меёбад.