Расулзода: ба оилаҳое, ки бар асари боришоти зиёд зарари ҷиддӣ диданд кумак намоед

Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон зимни боздид аз мавзеҳои осебдидаи вилояти Хатлон ба роҳбарияти ноҳия дастур дод, ки ба оилаҳои зарардида кумак расонанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 июн – Sputnik. Ахиран Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвар ба вилояти Хатлон сафар кард ва аз мавзеҳои осебдидаи вилоят боздид кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон.

Хонаводаҳои осебдида аз сел дар ҷамоати деҳоти Амондара хонаҳои нав дарёфт карданд

Бино бар иттилои манбаъ, Қоҳир Расулзода, сарвазири ҷумҳурӣ ба шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Хуросон, Панҷ, Фархор, Ҳамадонӣ ва Восеъи вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дод.

Сарвазир зимни сафари корӣ нахуст аз хоҷагии деҳқонии “Бобои Ҳамро” воқеъ дар ҷамоати деҳоти Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон боздид кард.

Дар инҷо дар масоҳати 7 гектар кишти пунбадона ва дигар навъи зироатро ба роҳ монда шуда аст. Аммо дар натиҷаи боришоти зиёди 2-юми июн хоҷагидорон ба мушкилӣ рӯ ба рӯ шуда, бештари зироати киштшуда осеб дидааст.

“Сарвазири мамлакат дар якҷоягӣ бо раиси вилоят аз қитъаҳои замини хоҷагии мазкур дидан намуда, бо деҳқонон дар ин маврид суҳбат оростанд”, - гуфт манбаъ.

Расулзода: ба оилаҳое, ки бар асари боришоти зиёд зарари ҷиддӣ диданд кумак намоед

Инчунин дар ҷамоати деҳоти мазкур Қоҳир Расулзода, бо вазъи рӯзгори чанде аз сокинони деҳаи Меҳнатобод, аз ҷумла оилаи Саидаҳмад Ҳаётов, ки бар асари боришот зарар ҷиддӣ дидаанд, шиносоӣ пайдо намуда, ба роҳбарияти ноҳия дастур дод, ки кӯмаки худро ба чунин оилаҳо расонанд.

Зимни боздид аз деҳоти осебдида Сарвазири мамлакат ҳамчунин бо сокинони ин деҳа суҳбат намуда, аз мавзеъҳои хатарзои соҳили канали дохили деҳот низ дидан кард.