ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия дар назди бинои Қасри фарҳанг бо садо додани Суруди миллӣ ва иштироки доираи васеъи сокинон партавафшон карда шуд.
“Парчами давлатӣ бо баландии 50 метр дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори рӯзи Ваҳдати миллӣ бунёд шудааст. Паҳноии матоъи Парчам 7 ва дарозияш 14 метрро ташкил намуда, атрофии он ба масоҳати 735 метри мураббаъ сафолакпӯш гардидааст”, - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, ки дар назди даромадгоҳи майдони Парчам ду ҳайкали шер ҳамчун рамзи миллати тавоно ва тамаддунофар сохта шудааст.
Корҳои сохтмонӣ дар сутунпояи Парчами далатии Тоҷикистон бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор аз ҷониби коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Наҷор” бо сатҳу сифати баланд анҷом дода шуд.
Бунёди майдони парчам ва боғи фароғатӣ дар ноҳияи Деваштич
lМайдони Парчами давлатӣ 11 садяк заминро дар бар гирифта, атрофи онро беш аз 60 арча, гулҳои гуногун ва сабзазор зеб медиҳад. Дар рафти сохтмон бо назардошти сайругашти сокинону меҳмонон 10 нишастгоҳ ва чароғҳои равшандиҳанда насб шудаанд.
Котиботи раисиҷумҳур навиштааст, ки парафшонии Парчам дар ин ноҳияи дурдасти мамлакат боиси руҳбаландӣ ва ифтихору садоқати сокинон ба Ватан – Модар гардидааст ва акнун онҳо метавонанд дар назди ин муқаддасоти давлат чорабиниҳои гуногунро баргузор намоянд.