Хидмати пулакӣ барои мардуми Тоҷикистон наздики 5 миллиард сомонӣ шуд

Дар панҷ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми кулли хидматрасонии пулӣ ба мардуми Тоҷикистон беш аз 4,8 миллиард сомонӣ, муодили 515 миллион доллар шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Ожонси омори Тоҷикистон мегӯяд,  ҳаҷми хидматрасонии пулӣ ба мардум дар муқоиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 1 дарсад афзоишро нишон медиҳад, навиштааст ТоҷикТА.

Кудрин коҳиши теъдоди муҳоҷирон ва зарари иқтисоди Русияро пешгӯӣ кард

Манбаъ афзуд, ҳаҷми хидматрасонӣ дар Душанбе дар муқоиса бо дигар манотиқи кишвар болотар буда аз миёнгини кишвар 4,7 баробар боло аст.

Ахиран гузориш дода шуд, ки аз ҳама маоши пасттаринро дар Тоҷикистон кормандони хоҷагии қишлоқ ва хоҷагии ҷангал мегиранд. Маоши ин кормандон 548 сомониро ташкил медиҳад. Аз ҳама маоши зиёдро кормандони бонкҳо ва ширкатҳои суғуртавӣ ба даст меоранд.

Дар ин соҳаҳо кормандон то 3 ҳазору 167 сомонӣ маош мегирифтаанд. Нафароне, ки ба иктишофи металҳои қимматбаҳо машғуланд, ё дар сохтмон кор мекунанд, муздашон 2,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Қиёси маош дар кишварҳои ИДМ: мақоми Тоҷикистон муайян шуд

Дар умум, имсол ҳисоби миёнаи маош дар кишвар ҳазору сесаду панҷ сомониро ташкил дод. Дар ҳамин ҳол, дараҷаи маош бо ҳисоби таваррум моҳи апрели имсол назар ба соли гузашта ба 5,3 дар сад коҳиш ёфтааст.