Фармони Путин барои санҷиши ногаҳонии омодагии ҷангии пойгоҳи 201 ва ҳавзаи марказӣ

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия барои санҷиши ногаҳонии омодагии ҷангии қушунҳои ҳавзаи марказӣ, ки пойгоҳи 201 дар Тоҷикистон низ шомили он мебошад, фармон додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия имрӯз дар ҷаласаи ҳайати фармондеҳии қушунҳои Русия иттилоъ дод, ки бо фармони сарфармондеҳ санҷиши омодагии ҷангии воҳидҳои ҳавзаи марказии Русия оғоз шудааст.

Тир то 120 км бехато мерасад: баталиони ҷадиди Русия дар Тоҷикистон ташкил шуд

Шойгу гуфтааст, ҳадаф аз ин санҷиш баҳо додан ба тавоноии қувваҳои мусаллаҳи Русия барои таъмини амнияти низомӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.

“Ҳадафи чорабинӣ баҳогузории тавоноии нерӯҳои Русия барои таъмини амнияти низомӣ дар минтақаи Осиёи марказӣ мебошад, ки дар он хатарҳои ҷиддии террористӣ ҷой доранд. Ҳадафи дигар омодагӣ ба размоиши муҳими сол - “Центр-2019” мебошад”, - иттилоъ додааст РИА Новости аз қавли Шойгу.

Ҳавзаи марказии низомӣ ҳудуди се ҳавзаи федералӣ ва 29 субъекти Федератсияи Русияро фаро мегирад. Ба ин ҳавза инчунин пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон ва пойгоҳи Кант дар Қирғизистон шомил мебошанд.