Дипломати амрикоӣ донишҷӯйро дар назди донишгоҳ пахш карда фирор намуд

Ба гуфти шоҳид, дипломати амрикоӣ аз дохили худрав намебаромад ва мегуфт дахлнопазир аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Дар назди яке аз донишгоҳҳои Бишкек, дипломати амрикоӣ донишҷӯи соли чорумро пахш карда аз ҷои ҳодиса ғайб задааст. Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо такя ба  дӯсти донишҷӯ Nuraiym Aitkulova, хабар медиҳад.

Бино ба иттилои шоҳид садама рӯзи 18 июн рух додааст. Дар сари чанбарак зани амрикоӣ будааст. Пас аз садама ӯро шоҳид бо мошин пайгирӣ кардааст.

"Ӯ аз мошин намебаромад ва мегуфт, ки дахлнопазир аст. Тақрибан пас аз шаш ҳафт дақиқа одамон бо либоси низомии амрикоӣ пайдо шуданд",-қайд кард шоҳид.

"Дипломати амрикоӣ ҳамсари тоҷикашро паронду худкушӣ кард"

Дар хадамоти матбуотии мақомоти қудратии Бишкек ин хабарро тасдиқ карданд.

Ба иттилои мақомот, садама рӯзи 18 июн тақрибан соати 17:30 бо вақти Бишкек дар хиёбони ба номи Чингиз Айтматов ба вуқӯъ пайвастааст.

Дар сари чанбараки худрави навъи Lexus RX350 шаҳрванди 51-сола М. К., будааст, ки ба ҷониби шимол ҳаракат мекардааст. Дар рӯ ба рӯи кинотеатри "Манас", дар ҷои роҳгузар ӯ  М.Б-и 22-соларо пахш кардааст. Роҳгузар ба бемористон интиқол дода шудааст.

Дар сафорати Амрико дар Бишкек ин амали дипломатро тасдиқ карданду афзуданд, ки бо мақомоти қудратӣ ва бо худи ҷабрдида дар тамос ҳастанду дар табобат ба ӯ кумак хоҳанд кард.