ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ин бозӣ 21 июн дар шаҳри Хуҷанд миёни дастаҳои мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистону Узбакистон баргузор гардид.
“Бозии рафиқона бо ҳисоби 4:0 ба фоидаи футболбозони тоҷик поён ёфт”, - иттилоъ додааст Кумита.
Манбаъ афзуд, ки голҳоро Суннатулло Азизов, Абдулфаттоҳ Худойдодзода, Фахриддин Аҳтамов ва Кабир Салимшоев ба ҳадаф расониданд.
Рӯзи 23 июн – дар рӯзи ҷашни Рӯзи олимпӣ – дастаҳо дар Варзишгоҳи “20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон” бозии дуюми санҷишӣ баргузор менамоянд.
Соли гузашта дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон дар сабқат барои Ҷоми Осиё мақоми дуюм ва медали нуқраро соҳиб шуда буд. Дар бозии ниҳоӣ тими Тоҷикистон аз дастаи Ҷопон бо ҳисоби 0-1 шикаст хӯрда буд.
Футбол: ғолиби марҳилаи якуми Чемпионат миёни дастаҳои лигаи олӣ маълум шуд
Зайниддин Раҳимов, сармураббии дастаи футболбозони то 16-солаи Тоҷикистон дар пайи шикаст аз тими Ҷопон бо ҳисоби 0-1 дар бозии ниҳоии Ҷоми Осиё гуфт, бо шогирдонаш фахр мекунад.