ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Самидин уулу Сагинбек раиси бахши бозррасиии Кумитаи амнияти давлатӣ дар нишасти Камисиюуни Маҷлиси миллии Қирғизистон гуфт;парвандаи ҷиноӣ алайҳи Алмосбек Отамбоев ба Додситони кули кишвар ирсол шудааст.
Чанд соат пеш аз оғози нишасти алании рӯзи 17 июн, Кумитаи амнияти давлатии Қирғизистон ро ба 9 мавриди ҷиноятҳо аз ҷумла фасод ва ғасби қудрат мутаҳам кардааст.
Барағми вуҷуди ихтилос ва ришвахорӣ дар ниҳодҳои Ҳукуматии Қирғизистон ва дар сатҳҳои мухталифи мақомҳои давлати Бишкек, шаке нест,ки Қирғизистон яке аз демократитарин ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад. Бархе Ниҳодҳои мудофеъи ҳуқуқи башар пеш аз ин аз Қирғизистон бо унвони босуботтарин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ аз лиҳози бархурдорӣ аз демократия ном бурдаанд.
Бо вуҷуди ин, иттиҳоми фасод дар Қирғизистон монанди дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, як мавзуъи ҷиддӣ аст ва ояндаи бисёре аз сиёсатмадорони Қирғиз фадои ихтилосҳои ройиҷ ва марсум дар ин кишвар шудааст.
Шарҳи КДАМ дар бораи хабари боздошти Алмосбек Отамбоев
Дар ин иртибот,Димитрий Арлов коршиноси масоили сиёсии Қирғизистон гуфтааст; густариши фасод дар дастгоҳҳои мухталафи давлатӣ аз як сӯ талоши раиси ҷумҳурии Қирғизистон барои эҷоди таҳавул дар дастгоҳҳои давлатӣ аз сӯи дигар аз далоили бархе хонатакониҳо ва азлу насабҳо дар кишвар будааст.
Алмосбек Отамбоев чорумин раиси ҷумҳурии Қирғизистон пас аз истиқлоли ин кишвар буд,ки аз соли 2011 милодӣ ба муддати шаш сол, замоми умури Қирғизистон ро ба уҳда дошт. Бар асоси қонуни асосии Қирғизистон,ҳар фард танҳо як давра метавонад дар симати раёсати ҷумҳурӣ боқӣ бимонад. Ба иборати дигар, ҳечкас наметавонад барои симати раёсати ҷумҳурӣ давраҳои доимӣ интихоб шавад.
Вай то охирин рӯзҳои раёсати ҷумҳурии худ, аз маҳбубияти нисбие бархурдор буд ва ба ҳамин далел, тамоюлот ва гароишҳои сиёсии вай дар мавриди Қирғизистон низ таъсир дошт.
Дар воқеъ,бояд гуфт; ин рӯзҳо маҳдудиятҳо ва тангноҳо алайҳи Алмосбек Отамбоев дар ҳоле шидат мегирад,ки вай давраҳои поёнии даврони раёсати ҷумҳурии худ,зимни ҳимоят аз Сурунбой Ҷинбеков,аз вай дар баробари номзади рақиб низ ҳимоят карда буд. Бисёре аз коршиносони масоили Осиёи Марказӣ,далели аслии пирӯзии Ҷинбеков дар панҷумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Қирғизистонро ҳимоятҳои Атамбоев аз вай қаламдод мекунанд.Бо вуҷуди ин ҳимоятҳо, дунёи сиёсат рӯйи дигар сиккаро ба раиси ҷумҳури собиқи Қирғизистон нишон додааст.
Сурунбой Ҷинбеков панҷумин раиси ҷумҳурии Қирғизистон,ки пеш аз он дар симати нахуствазири ин кишвар , Кабинаи давлати Бишкек ба раҳбарии Алсомбек Отамбоев ро ташкил медод, пас аз пирӯзӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Қирғизистон, дар амал ба сиёҳ кардани Алмосбек Отамбоев иқдом кардааст.
Бо таваҷуҳ ба ин,ки ҳар ду сиёсатмадори қирзиз аз ҳизби Сотсиалдемакрат ба арсаи сиёсати Қирғизистон гом ниҳодаанд, бурузи ихтилофҳои сиёсӣ дар чорчуби ин Ҳизб баъид ба назар мерасад. Он чи,ки беш аз ҳама дар ин замина худнамоӣ мекунад,ба ихтилофҳои қавмӣ дар Қирғизистон боз мегардад. Дар воқеъ,Ҷинбек як ҷунубӣ ва Отамбоев сиёсатмадоре аз минтақаи шимоли Қирғизистон аст.
Бо таваҷуҳ ба ихтилофҳои минтақаҳои ҷанубӣ ва шимолии Қирғизистон, бояд гуфт; Сурунбой Ҷинбеков илова бар сиёҳ кардани Атамбоев, тамоми сиёсатмадорони қирғиз бавижа он даста аз сиёсатмадороне ро, ки муттаҳиди Отамбоев маҳсуб мешудаанд ва аз минтақаҳои шимоли Қирғизистон ба арсаи сиёсат гом ниҳодаанд, аз дами теғ гузарондааст.