ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Бозии аввали дӯстонаи дастаҳои футболи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон ва Узбакистон 21-уми июни соли равон дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ин бозӣ футболбозони тоҷик дастаи мунтахаби наврасони Узбакистонро бо ҳисоби калони 4:0 шикаст доданд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бозии дуюми рафиқонаи хешро ба муқобили тими мунтахаби Узбакистон рӯзи 23 -юми июни соли равон баргузор мекунанд.
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон озими Санкт-Петербург шуд
Бояд зикр кард, ки дидори мазкур дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд соати 17:30 доир мегардад. Даромад ба варзишгоҳ ройгон аст.
Омодагии наврасони тоҷик ба чепионати Осиё-2020: “Кайрат”-ро 3:0 шикаст доданд
Пештар хабар дода шуд, ки бозигар аз Узбакистон “Куктош”-ро ба ҷои 2-и Чемпионати Тоҷикистон баровард.