ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Қарори нави раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ тибқи рақами 347 ба имзо расид. Дар ин бора дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе гузориш медиҳад.
Қарори раиси шаҳр дар бораи нақшаи чорабиниҳои шаҳрдории Душанбе ҷиҳати омодагӣ ба таҷлили 22-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Душанбе аст.
Гуфта мешавад, мақсад аз тасвиби қарор дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Ваҳдати миллӣ аст.
"Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили 22 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ тибқи замима тасдиқ карда шавад", - гуфта мешавад дар банди аввали қарор.
Муовини якуми раиси шаҳри Душанбе, муовинони раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбарони сохторҳои марбутаи дастгоҳи раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои саривақтии нақшаи чорабинии мазкурро вазифадор шудаанд.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ — яке аз ҷашнҳои расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳар сол 27 июн таҷлил карда мешавад.
Торихи ҷашн
27 июни соли 1997 — баъди 8 даври гуфушуниди байни тоҷикон - ҳукумати ҷумҳурӣ ва тарафи мухолифин, дар Маскав, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари иттиҳодияи мухолифини тоҷик Саид Абдуллои Нурӣ "Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон" имзо гардид.
Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - 5 майи соли 1992 — 27 июни соли 1997 зиёда аз 100 ҳазор одамон қурбон шуда, тахминан 1 млн гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ зарари моддӣ дидаанд. Зарари иқтисодии ин ҷанг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод.
Раиси ВМКБ: Ваҳдати миллӣ муқаддас аст, бояд дар сатҳи баланд таҷлил шавад
Ба имзо расидани "Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон" мамлакатро аз таҳдиди нестшавӣ ва мардумро аз парокандашавӣ нигоҳ дошт.
27 июн тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид", ҳамчун "Рӯзи Ваҳдати миллӣ" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди расмии давлатӣ табдил ёфтаст ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.
Ба муносибати рӯзи ид бо ташаббуси мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷузъу томҳои низомӣ чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ доир мешаванд.
27 июн — тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид", рӯзи истироҳат муқаррар шудааст.
Рӯзи ваҳдати миллӣ яке аз ҷашнҳои бузурги миллӣ маҳсуб ёфта, ҳамасола дар саросари кишвари маҳбубамон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.