ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Ба гузориши мақомоти вилояти Суғд, рӯзи 21 июн, роҳбарони ҳайатҳои расмии ҷумҳуриҳои Узбакистон, Белорус ва Қирғизистон, ки ҷиҳати иштирок дар Ярмаркаи VI байналмилалии савдо “Суғд-2019” ба вилояти Суғд омадаанд, ҳамчун рамзи эҳтиром бар пояи муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд.
"Меҳмонон - намояндаи ваколатдори Қирғизистон дар вилояти Ботканд Акрам Мадумаров, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Иванов, муовини раиси вилояти Мински Ҷумҳурии Белорус Игор Макар ва муовини ҳокими вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Узбакистон Муҳсинхуҷа Абдураҳмоновро дар маросими гулчанбаргузорӣ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд",-.омадааст дар хабарнома.
Ёдовар бояд шуд, ки бо мақсади иштирок дар Ярмаркаи VI байналмилалии савдо “Суғд-2019” ҳайатҳои расмӣ ва намояндагони доираҳои тиҷоратии Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Узбакистон, Белорус, Чин, Қирғизистон, Афғонистон, Туркманистон, Арабистони Саудӣ, инчунин намояндагони ташкилотҳои бонуфузи молиявию тиҷоратии байналмилалӣ ба вилояти Суғд ҷамъ омадаанд.
Пештар хабар дода шуд, ки сафири Белорус дар Тоҷикистон Олег Иванов, муовини раиси вилояти Мински Ҷумҳурии Белорус Игор Макар ва ҳайати ҳамроҳонашон ба вилояти Суғд омада бо раиси вилояти Суғд дидору мулоқот карданд.
Дар назар аст, ки ҷонибҳо дар Ярмаркаи VI байналмилалии савдо "Суғд-2019" миёни соҳибкорону истеҳсолкунандагони Тоҷикистону Белорус шартномаҳои нави ҳамкорӣ имзо шавад.