ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи 20 июн гуруҳи калони меҳмонон аз Ҷумҳурии Белорусро, ки ҷиҳати иштирок дар Ярмаркаи VI байналмилалии савдо “Суғд-2019” ба вилоят омадаанд овардаанд, ба ҳузур пазируфт.
Раиси вилоят меҳмонон - сафири Белорус дар Тоҷикистон Олег Иванов, муовини раиси вилояти Мински Ҷумҳурии Белорус Игор Макар ва ҳайати ҳамроҳонашонро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки мулоқоту музокирот ва гуфтушунидҳои дар доираи Ярмаркаи VI байналмилалии савдо “Суғд-2019” доиршаванда барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба мусоидат менамояд.
Аҳмадзода ҳамзамон таъкид кардааст, ки бо шарофати сиёсати оқилонаи сарони кишварҳо ҳамкориҳо дар ҳамаи бахшҳо беш аз пеш густариш меёбанд.
Зикр карда шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардида, дар ин самт бунёду сохтмони садҳо корхонаҳои хурду бузург идома дорад. Дар ин раванд ҷонибҳо метавонанд бо бунёди корхонаҳои муштарак ҳамкориҳоро тақвият бахшанд.
"Сафири Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Иванов ва муовини раиси вилояти Мински Ҷумҳурии Белорус Игор Макар барои даъват ва пазироии гарму самимӣ изҳори сипос намуда, баргузории чунин ярмаркаҳои сатҳи байналмилалиро барои густариши муносибатҳо муҳим арзёбӣ карданд",-омадааст дар хабарнома.
Лукашенко ҷузъиёти сафари Раҳмонро ба Белорус ошкор кард
Гуфта мешавад, ки дар Ярмаркаи VI байналмилалии савдо "Суғд-2019" намояндагони Палатаи савдо ва саноати вилояти Минск ва як қатор ширкатҳои истеҳсолии Белорус иштирок мекунанд.
Ҷонибҳо изҳори боварӣ намудаанд, ки дар Ярмаркаи VI байналмилалии савдо "Суғд-2019" миёни соҳибкорону истеҳсолкунандагони Тоҷикистону Белорус шартномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расида, дар рушди муносибатҳо саҳифаи нав боз мегардад.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш раисиҷумҳури Белорус Александр Лукашенко аз сафари қарибулвуқӯъи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Белррус хабар дода буд.
Ӯ гуфт дар остонаи ҷамъбасти бозиҳои Урупоӣ дар Белорус аз Эмомалӣ Раҳмон гарм истиқол хоҳад кард.