Муҳоҷири тоҷик навзоди семоҳаро, ки марди маст аз тиреза ҳаво дод, қапид - акс

Фахриддин Юсупов, муҳоҷири 44-солаи тоҷик дар шаҳри Североуралск кӯдаки навзоди семоҳаеро, ки марди маст аз тиреза ҳаво додааст, қапиду ҷонашро наҷот дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Тибқи иттилои раёсати Кумитаи тафтишотии вилояти Свердловск, ҳодиса шоми 6 июн рух дода, шоҳиди 44-солаи ҳодиса, баъди шунидани садои шикастани шиша ва дидани марде бо кӯдаки хурдсол дар наздикии тиреза ба кумаки кӯдак шитофтааст.

Қадрдонии кӯдаки тоҷик барои наҷоти дӯсташ аз чоҳи оби ҷӯш дар Русия - видео

Наҷотдиҳанда, ки расонаҳои минтақавӣ аз ӯ Фахриддин Юсупов, падари 44-солаи се фарзанд аз Тоҷикистон ном мебаранд, баъди давидани тақрибан 20 метр тавонистааст, навзодро, ки марди маст аз тирезаи ошёнаи якум ҳаво додааст, қапад ва ҷонашро ҳифз кунад.

Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, муттаҳам бо иттиҳоми қасди ҷони кӯдаки хурдсол боздошт гардида, тафтишот идома дорад. Феълан муайян шудааст, ки замони рух додани ҳодиса модари кӯдак ба мағоза рафтаасту навзод бо марди маст танҳо монда будааст.

Муҳоҷири тоҷик навзоди семоҳаро, ки марди маст аз тиреза ҳаво дод, қапид - акс

Юсупов изҳор доштааст, модари ин кӯдакро, ки тақрибан 18-19-сола мебошад мешиносад.

“Ӯ бо шавҳараш зиндагӣ намекунад ва нафаре, ки кӯдакро аз тиреза ҳаво дод, ҳамсари ин зан набуд, марди бегона буд”, - изҳор доштааст Юсупов.

Кӯдаке, ки доим заифонро ҷонибдорӣ мекард: Бахтиёрро дар Хабаровск қадрдонӣ карданд

Табибон изҳор доштаанд, ки агар сохтмончӣ намебуд, афтидан аз тиреза, ки баландияш ҳудуди 2 метр мебошад, метавонист бо марги кӯдак анҷомад. Ба гуфтаи табибон танҳо майнаи сари навзод ҳангоми шикастани тиреза осеб дидааст, ки ҷарроҳӣ шудаасту баъди чанде аз беморхона ҷавоб дода хоҳад шуд.

Кумитаи тафтишотӣ изҳор доштааст, дар назар аст, ки Фахриддин Юсупов барои наҷоти кӯдаки навзод қадрдонӣ карда шавад.